Собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода ҳангоми кӯшиши тарки қаламрави ҷумҳурӣ дар марз бо Қирғизистон боздошт шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз қазия хабар дод.
Аз Агентии мазкур ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Хайрзода ҳанӯз моҳи январи соли равон ба нафақа баромада буд. Ӯ моҳи марти соли 2015 ба ин вазифа таъин гардидааст.
Чанде қабл дар Душанбе Ҷамолиддин Муҳаммадзода, сардори Раёсати ташкилӣ-нозиротии Агентии зиддифасод низ боздошт шуд. Ӯ моҳи декабри соли гузашта аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон озод ва ба ин вазифа таъин шудааст.
Соли 2013 замоне, ки дар Агентӣ парвандаи ҷиноӣ нисбати соҳибкори маъруф Зайд Саидов мавриди тафтиш қарор дошт, Муҳаммадзода (он замон Муробов) Раёсати тафтишоти Агентиро роҳбарӣ мекард.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳои «Азия-Плюс», чанде қабл ҳамчунин собиқ муфатттиши Агентӣ Фирдавс Ниёзбадалов низ ба ҳабс гирифта шудааст, ки ному насаби ӯ низ ҳангоми тафтиши парвандаи Зайд Саидов вирди забонҳо буд. Гумонбаршудагон ва адвокатҳои онҳо чандин маротиба аз он шикоят карда буданд, ки Ниёзбадалов нисбати онҳо аз тарзу усулҳои ғайриқонунӣ, ҳатто то лату кӯб кор мегирад.
Мувофиқи маълумоти манбаи «Азия-Плюс», феълан ҳамагӣ 17 корманди Агентии зиддифасод боздошт ва яке аз кормандони ин ниҳод - Умед Камолов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.
Дар худи Агентӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки ҳамаи шахсони боздоштшуда ҳанӯз то ба ҳабс гирифтанашон, аз вазифаҳояшон дар мақомоти зиддикоррупсия барканор шудаанд, вале аз шарҳи сабаби аз вазифа озод шудани онҳо худдорӣ варзиданд.