Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 17 апрел Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола, писари Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт намуданд. Ӯ ба Маскав парвоз карданӣ будааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ ҷумҳурӣ хабар дод, айни замон ӯ дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ қарор дорад.
«Тибқи баъзе маълумоте, ки айни замон аз ҷониби хадамоти махсус мавриди санҷиш қарор дорад, Беҳрӯз Ҳалимов бо падараш, ки айни замон дар сафҳои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ» меҷангад, робита дошта, тариқи Маскав мннбаъд ба Ироқ ё Сурия раҳсипор шуданӣ будааст», - гуфт манбаъ.
Беҳрӯз Ҳалимов соли гузашта мактабро хатм намуда, дар зодгоҳаш - Дараи Фони ноҳияи Варзоб ба савдои хурд машғул будааст.
Рӯзи 15 апрели соли равон маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов маълумот дод.
Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод. Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд.
Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст. Ӯ ҳамчунин доир ба омодагӣ ва омӯзишаш дар давраҳои таълимӣ дар ИМА низ маълумот дода буд.
Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.