ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 8 ЯНВАР
Соли 2006 – Дар маркази Душанбе хона-интернати “Чорбоғ” барои кӯдакони дорои маҳдудияти зеҳнӣ оташ гирифт, ки дар натиҷа 13 кӯдак ҳалок шуданд.
Соли 2008 – Дар таваллудхонаи №3-и пойтахт бинобар қатъ шудани барқ чанд тифли навзод ба ҳалокат расиданд.
Соли 2009 – Бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равияи динии “Салафия” дар кишвар мамнӯъ эълон шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1915 – Мавлуди Аслӣ Бурҳонов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, коргардон.
Аслӣ Бурҳонов яке аз симоҳои барҷастаи синамои тоҷик буда, бо иҷрои як қатор нақшҳо дар театру синамо ва ба саҳна овардани чанд намоишнома ба унвони ҳунарпеша ва коргардони тоҷик шинохта гардид.
Ӯ ҳанӯз дар 15-солагӣ аввалин нақши худро дар намоишномаи “Ҳуҷум” иҷро намуда, дар 16-солагиаш ба сафи ҳунармандони касбии театри Бухоро пайваст. Тамошобинон бо садову симои ӯ бо иҷрои нақшҳои Абдураҳмон дар “Сарҳад дар кӯҳсор”, Абдулло дар “Дохунда”, Мухтор-ака дар “Ман бо духтаре вохӯрдам”, Ҳоҷиёров дар “Одам пӯсташро иваз мекунад” ошно гардидааст. Бо далели пайваста ва бомаҳорат бозидани нақши Ленин, ӯро "Ленини тоҷик" ҳам меноманд.
Ба унвони коргардон “Муаллими ишқ”, “Арӯси панҷсума”, “Гавҳари шабчароғ”, “Рӯдакӣ”-ро рӯйи саҳна овардааст, ки аз ҷумлаи беҳтарин намоишномаҳо дар хазинаи санъати тоҷиканд.
Соли 1952 – Зодрӯзи Умар Темур, овозхон ва ғижжакнавози тоҷик.
Умар Темур яке аз навозандагони беҳтарини сози ғижжак буда, сабки хоси сарояндагӣ низ дорад ва матни таронаҳояшро аз осори шуарои пешину муосир интихоб мекунад. Эҷодаш баёнгари навҷӯиҳост ва дар овозхонии суннатӣ шеваи тозаро ироа додааст. “Ҳамдами ҷон”, “Ҳадиси ишқ”, “Доғи фарзанд”, “Дардманди ишқ” аз ҷумлаи беҳтарин сурудаҳояш мебошанд.
Соли 1968 – Зодрӯзи Мастура Ортиқзода, ҳунарпешаи театру синамо, коргардон ва садогузор.
Мастура Ортиқзода шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузаштаи ба ҷодаи санъат по гузошт ва дар филмҳои тоҷикӣ ва намоишномаҳо ҳунарнамоӣ кард. Баъдан ба коргардонӣ рӯ оварда, филмҳои “Қарзи виҷдон” ва “Фарзандони бегуноҳ”-ро рӯйи саҳна овард.
Соли 1981 – Зодрӯзи Зоир Раҳмонзода, ректори ҳозираи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, вакили собиқи парлумон.
Соли 1983 – Мавлуди Соқӣ Аслон Султонзода, забоншинос, номзади илмҳои фалсафа.
Соли 2000 - даргузашти Қаюм Азизов, генерал-майори адлия, додситонии собиқи шаҳри Кӯлоб, ВМКБ, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода дар солҳои гуногуни замони Шӯравӣ.
Соли 2011 Даргузашти Давлатманд Кабутов, муаррихи тоҷик ва собиқ муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Соли 2017- Даргузашти Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ходими давлатии Эрон. Раисҷумҳурии Эрон (1989—1997). Раиси Шӯрои маслиҳати низоми Эрон (2000—2017).
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1851 мутахассиси соҳаи физика Жан Фуко ба туфайли дастгоҳи сохтааш далели гардиши Заминро муайян кард.
Ҳар сол 8 январ рӯзи ҷаҳонии батарея (қувватдиҳанда) таҷлил мешавад. Ин рӯз ба хотири ихтироъ ва нақши батареяҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо бахшида шудааст.
Аввалин батареяро физики итолиёвӣ Александро Волта дар соли 1800 ихтироъ кард. Батареяҳо дар рушди техника ва технология инқилоб ба вуҷуд оварданд ва имрӯз онҳо асоси кори бисёре аз дастгоҳҳои электронӣ, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ, ноутбукҳо ва мошинҳои барқӣ мебошанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард, рӯзона 1-6º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) , дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришоти сусти барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то -2+3º, дар доманакӯҳҳо шабона 3-8º сард, рӯзона 1+6º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º сард, рӯзона -3+2º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 28-33º сард, дар баъзе минтақаҳо то 36-38º сард, рӯзона 12-17º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона барф меборад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона -1+1º.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона боришоти сусти барф, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10-12º сард, рӯзона 1-3º сард.
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Чӣ тавр дар шароити хона занбӯруғ парвариш мекунанд?
Панҷ гузариши гаронтарин. Футболбозони тоҷикро бо чанд пул хариданд?
Шаш соли ҳабси як сокини Хуҷанд барои "паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири шаробхор ва зоҳид”
Дар Қазоқистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот додаанд
НАВШУДА. Бег Сабур ва Шералӣ Мирзо аз вазифа озод шуданд. Номзадии Юсуф Раҳмон барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд
Ҳашари якҷояи сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста