Парвандаи ҷиноятӣ нисбати 10 нафар собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол шудааст.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ояндаи наздик парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, вале мурофиаи он пӯшида хоҳад буд. “Онҳо ба содир намудани ҷиноят даст зада, барои кирдорҳои худ назди қонун ҷавоб мегӯянд”, - таъкид дошт ӯ, вале аз ифшои ҷузиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрел як гурӯҳи калони кормандони Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз кор озод ва баъдан чанде аз сабукдӯшшудагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Нахуст Фирӯз Холмуродзода, собиқ роҳбари Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод ва сипас собиқ муовини ӯ - Фахриддин Бозоров, собиқ муфатттиши ҳамин раёсат Фирдавс Ниёзбадалов (домоди собиқ котиби Шӯрои амният генерал Амирқул Азимов), муовини раиси Раёсати зиддифасод дар вилояти Хатлон Сафаралӣ Ҳомидзода ва роҳбари шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба ҳабс гирифта шуданд.

Санаи 25 апрел собиқ муовини директори Агентӣ Давлатбек Хайрзода дар Хуҷанд боздошт шуд. Моҳи январи соли равон ӯ ба нафақа фиристода шуда буд.