Суди олии Тоҷикистон аз шарҳи тафсилоти парвандаи собиқ кормандони Агентии зиддифасод худдорӣ варзида, ишора мекунад, ки парвандаи мазкур муҳри махфӣ дорад.

Каме пештар баъди ҳукми охирини содиршуда як манбаъ дар суд иттилоъ дод, ки шояд доир ба тафсилоти парванда пас аз ҳукми қонунӣ гирифтани ҳалнома, яъне баъди 10 рӯзи содир шудани он маълумот дода шавад.

«Тафсилоти парвандаи 10 нафар собиқ муборизон бо коррупсия ва 3 нафар собиқ кормандони Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои давлатии марбут ба ин қазияро мо шарҳ намедиҳем, - иброз дошт манбаъ. - Гуфта наметавонем, ки киҳо бо кадом гуноҳ мутобиқи кадом модда маҳкум шуданд».

Қаблан санаи 19 сентябр собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода ба 15 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд.

Ҳамчунин собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба 9 сол ва корманди Агентӣ Қосимҷон Саидов ба 7 соли зиндон муҷозот шуданд.

Собиқ муфаттиши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фирдавс Абдуғаффорзода ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Суди олии Тоҷикистон собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Давлатбек Хайрзодаро ба иттиҳоми порагирӣ ба 10,6 соли зиндон ва худи ҳамон рӯз Фаридун Беназирзода, собиқ муовини сардори Раёсати гумруки вилояти Суғдро, ки қаблан дар Агентии зиддифасод кор мекард, низ барои ришваситонӣ ба 10,6 соли зиндон маҳкум кард.

Тибқи маълумоти як манбаъ дар Суди олӣ, ҳамин тариқ «баррасии парвандаи коррупсионерҳо» қатъ шуд. Ба ВАО танҳо дар бораи ҳукм нисбати 9 нафар маълумоти нопурра дастрас гардида, дар бораи 4 нафари дигари иштирокдошта дар ин парванда ба ВАО чизе маълум нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.