Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муфаттишони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳамадониро ба гумони порагирӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, муфаттишон Абдусамад Розиқов ва Шерхон Маҷидов ба як нафар, ки дар дуздӣ гумонбар дониста мешуд, ваъда додаанд, ки парвандаи ҷиноиашро қатъ мекунанд.

Гуфта мешавад, маблағи пора 8 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, муфаттиш Розиқов Абдусамад ҳангоми гирфтани як қисмате аз маблағи пора дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ дастгир ва делели шайъӣ аз ӯ дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикрардида нисбати Абдусамад Розиқов ва ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Шерхон Маҷидов бо моддаи 319 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.