- Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо соли 2017 ба бонкҳои ҷумҳурӣ 1 млрд. 350 млн. сомонӣ «пулҳои дузидашуда»-ро баргардониданд, - изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта нисбати 300 нафар, аз ҷумла кормандони бонкҳои дорои мушкилоти «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк», ҳамчунин муфлисшуда - «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» аз рӯи далелҳои азхудкунии воситаҳои бонкӣ ва ғайриқонунӣ додани қарзҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Юсуф Раҳмон таъкид дошт, ки гурӯҳҳои муштараки тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки соли гузашта барои таҳқиқи вазъи буҳронӣ дар бонкҳо таъсис ёфта буданд, имсол ҳам ба кори худ идома медиҳанд.

Прокурори генералӣ ба саҳмгузорони бонкҳо, ки пулҳои амонатгузоштаашонро баргардонида наметавонанд, тавсия дод, ки аз рӯи ин масъала ба мақомоти судӣ муроҷиат кунанд.

Дар идома Юсуф Раҳмон қайд кард, ки соли гузашта дар Тоҷикистон барои риоя накардани меъёрҳои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 363 нафар ва қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон 2 ҳазору 750 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.