Тавре дар сомонаи ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ноболиғи кордкашида дар пайи муроҷиати сокини 39-солаи пойтахт – падари ноболиғи ҷабрдида боздошт шудааст.
“Нимаи рӯзи 22-юми январи соли 2019 писари ноболиғи 15-солаи ин мардро дар маҳаллаи Қазоқони пойтахт, ноболиғи 15-солаи сокини кӯчаи Қазоқон аз ҳиссиёти авбошӣ зери лату кӯб қарор дода, бо корд як маротиба ба пушташ задааст”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ноболиғ бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, соли гузашта дар пойтахт 261 ҳолатҳои содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби 163 нафар ноболиғон (соли 2017 – 96 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумор танҳо 95 нафарашон сокинони пойтахт буда, ба содир намудани 134 ҷиноят даст задаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.