Ду наврас аз ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар оташзании Осия Шерзоди 6-сола даст доранд, ба мактаби махсуси шаҳри Душанбе фиристода шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ.

Наврасон 9 ва 10-сола буда, ному насабашон ифшо намешавад. То рух додани ҳодиса онҳо дар мактаби маъмулии ҷамоаташон таҳсил мекарданд.

ВКД сокини 13-солаи Чоряккорон Суннатулло Очилдиевро, ки бемории рӯҳӣ дорад, саркардаи амали оташзании духтарчаи 6-сола номбар мекунад. Ӯ дар Маркази саломатии бемориҳои рӯҳии кӯдакон ва наврасон қарор дорад.

Зимни тафтишот ошкор шудааст, ки маҳз Очилдиев дар оташзании Осия нақши асосиро доштааст. Илова бар ин, номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст, хабар дода буд қаблан ВКД.

Дар Маркази тиббии шаҳрии №3, ки Осия аз замони рух додани ҳодиса дар ин ҷо бистарӣ аст,  рӯзи 12 июл бори шашум ӯро ҷарроҳӣ карданд.

Мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббии шаҳрии №3 Тоҳир Зубайдов ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки вазъи солимии духтарча муътадил аст: “Нӯшидану истеъмол намудани хӯрокаш хуб буда, барои ҳарҷӣ бештар солим шудани ӯ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем”.

Пайвандону наздикон Осия низ мегӯянд, баъди ҳар як ҷарроҳӣ духтарча худро хубтар ҳис мекунад.

“Дидор бо Осия барои мо манъ аст, чунки ӯ то ҳол дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ аст. Айни замон ӯ ҳамроҳи модараш аст ва ӯ ҳам мегӯяд, ки вазъи солимии Осия хеле беҳтар шудааст. Мо ҳамеша дасти дуо мебардорем, ки духтарчаи мо мисли пештара солиму хандон бошад”, - иброз дошт Фотима Зулфонова, модаркалони Осия.

Бино ба гуфтаи табибон, ҳамаи ҷарроҳиҳо танҳо пас аз муайян кардани вазъи бемор гузаронида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-июни соли равон 3 наврас Осияи Шерзодро, ки дар назди бинои истиқоматиаш ҳамроҳи дӯстонаш бозӣ мекард, ба панҷара баста, оташ заданд. Дар натиҷа 65%-и бадани духтарча ҷароҳат ва захму осори сӯхта гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.