Дар ҳудуди шаҳри Душанбе давоми ҳафтаи сипаришуда ҳамагӣ 4 ҳазору 235 қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор шуда, 9 нафар ронандагон боздошт гардиданд, ки дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекарданд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, миёни боздоштшудагон ронандаи таксӣ Раҷӣ Вазиров (мошини Тайота-Каролла, рақами қайди давлатиаш 7904 ТТ 05) ва микроавтобуси №48 Ҳусейн Авалмуротов (Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 0068 ТТ 05) ҳастанд, ки дар ҳолати мастӣ мошинҳоро идора мекардаанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 17 ҳазору 400 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад,  дар доираи рейдҳо тӯли ҳафта 14 ҳолати бе рақами қайди давлатӣ рондани автомашина, 23 ҳолати баланд кардани суръати ҳаракати мошин аз меъёри муқарраршуда, 172 ҳолати истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт, 22 ҳолати итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо, 11 ҳолати итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт, 55 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ ва 122 ҳолати нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ ба қайд гирифта шудааст.

Байни ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ 68 ҳолати худсарона баромадан аз хати сайр ва 188 ҳолати аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор кардани мусофирон ошкор шудааст. Дар 835 ҳолат риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.