Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон корҳои муайян кардани шахсият ва ҷустуҷӯву боздошти он касеро, ки ба маҳбусони аз вилояти Суғд ба дигар зиндонҳои кишвар интиқолмеёфта нони заҳролудшуда дода буд, идома медиҳанд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон дар ин робита изҳор дошт, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи далели ҳалокати 14 нафар маҳбусон ҳангоми интиқол аз вилояти Суғд ба Душанбе идома дорад. Ӯ бори дигар таъкид кард, ки мувофиқи хулосаи ташхис, ҳамаи маҳбусони фавтида аз нон заҳролуд шудаанд.

“Аз рӯйи далели заҳролудшавӣ, ки ба марги 14 нафар маҳбусон боис гардид, прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд, ки тафтишот мебарад ва ҷараёни он зери назорати ман аст. Тафтишотро бояд муайян кунад, ки маҳбусон аз куҷо нони заҳролудшударо гирифтаанд”, - таъкид дошт Юсуф Раҳмон.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 7-уми июл 128 нафар маҳбусон, ки 8 нафарашон занон буданд, дар се мошини махсус аз Хуҷанду Истаравшан ба муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Норак ва ноҳияи Ёвон интиқол дода шуданд.

Дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Дар натиҷа пас аз истеъмоли он 16 нафар маҳбусон заҳролуд шуда, 14 нафарашон фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.