Муҳлати ҷазои рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов дар зиндони низомаш сахт 1 солу 4 моҳу 20 рӯз кам шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъи боэътимод аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, нисбат ба Исмоилов меъёрҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз 25-уми октябри соли 2019 татбиқ шудааст.

“Ба муҳлати адои ҷазои ӯ боз 2 солу 7 моҳи дигар боқӣ монд, вале агар ӯ ба ҷабрдидагон 6 ҳазор сомонӣ маблағи зарарро пардохт кунад, аз зиндон озод ва ба маҳалли сукунат гузаронида мешавад”, - гуфт манбаъ.

Маҳмадюсуф Исмоилов айни замон дар муассисаи ислоҳии низомаш сахти 3/5 шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекунад.

Қобили зикр аст, ки 28-уми октябри соли 2013 рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов дар содир кардани ҷиноят аз рӯйи ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ: 247 (тақаллубкорӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Ӯ 24-уми июни соли 2013 бар асоси аризаи сокини 39-солаи ноҳияи Ашт Санавбар Аҳадова боздошт шуд.

Дар аризааш зан хабар дод, ки 21-уми июн дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 сомонӣ гирифтааст. Сипас такроран рӯзи 24-уми июн  Исмоилов М. боз 100 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Зимни гирифтани 400 сомонӣ журналист боздошт шуда буд.

Котиби масъули нашрияи “Нигоҳ” Эраҷи Амон он замон изҳор дошта буд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов корманди эҷодии ҳафтанома набуда, тайи 2 соли охир ба ҳайси паҳнкунандаи нашрия дар вилояти Суғд кор мекард.

Ӯ чунин тахмин карда буд, ки Исмоиловро дидаву дониста ба ин роҳ тела додаанд, зеро қаблан ӯ бо мақомоти милисаю прокуратура ва ҳукумати ноҳия ихтилофҳо дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.