Кумитаи тафтишоти Русия нисбати ронандаи автобуси мусофирбар Раҳматшоҳ Қурбонов, шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон, ки бар асари садама автобусаш аз болои пул ба дарёи Мойка дар Петербург сарозер шуд, парвандаи ҷиноятии нав боз кард. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.
Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, дар доираи парванда оид ба ҳалокати мусофирони автобус кормандони кумита “далелҳои риоя нашудани қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират”-ро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
“Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автобус давоми моҳҳои феврал-марти соли 2024 ба ивази пул на камтар аз 10 шаҳрванди хориҷиро дар хонаи ба худаш тааллуқдошта ба қайди қалбакӣ гузоштааст”, - зикр кардаанд дар Кумитаи тафтишот.
Мутобиқи моддаи 322.3 Кодекси ҷиноятии Русия, ба гумонбаршуда то 3 соли зиндон ҷазо таъин шуда метавонад.
Рӯзи 10 май аз пули Потселуев автобуси мусофирбар ба дарёи Мойка сарозер шуда, бар асари ин ҳодиса 7 нафар ҳалок шуданд. Ронандаи автобус зодаи Тоҷикистон, шаҳрванди Русия Раҳматшоҳ Қурбонови 44-соларо боздошт карданд.
Рӯзи 12 май Суди Октябрскии Петербург доир ба ду моҳ ба ҳабс гирифтани ӯ қарор содир кард.
Аввал Кумтаи тафтишот мутобиқи ду модда - вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба марги ду ё зиёда аз ин шахсон боис гардид (қ.5, модд. 264 КҶ Русия - ҷазои ниҳоӣ 7 соли зиндон) ва хидматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест ( қ.3, модд 238 КҶ Русия - ҷазои ниҳоӣ 10 соли зиндон) парвандаи ҷинояти оғоз карда буд.
Дар доираи тафтиши ин парванда ҳамчунин сардори корхонаи хидматрасонии нақлиёт (автоколонна)-и ҶДММ “Такси”, ки ба ҳамлу нақли мусофирон машғул аст, боздошт шудааст.