Аз мавриди истифода қарор гирифтани канали Қуштеппа дар Афғонистон ин кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна 500 млн доллар даромад мегирад. Дар ин бора зимни шарҳ ба Tolonews коршиноси афғон дар соҳаи идоракунии захираҳои обӣ Наҷибулло Садид хабар додааст, менависад Фергана.

“Аз Қуштеппа ва ҳамаи дигар наҳрҳои ёридиҳандаи он пас аз анҷоми сохтмон Афғонистон метавонад ҳамасола аз 470 то 550 млн доллар даромад гирад”, - иброз доштааст Садид.

Ба ақидаи коршиносони нашрия, бо анҷоми сохтмони ин канал Афғонистон дар таъмини кишвар бо гандум худкифо шуда, он ба рушди назарраси иқтисоди ин давлат мусоидат хоҳад кард.

Дар Корпоратсияи миллии рушди Афғонистон хабар додаанд, ки сохтмони иншооти обгирии канали Қуштеппа 50% пеш рафта, иҷрои корҳои заминӣ дар марҳилаи дуюм ба 30% расидааст. Арзиши корҳои заминӣ дар марҳилаи дуюм, ки то охири сол то ноҳияи Андхойи вилояти Фароб расидани канал дар назар аст, 20 млрд афғонӣ (беш аз 283 млн доллар) арзёбӣ шудааст.

Сохтмони канали Қуштеппа аз моҳи марти соли 2022 оғоз шуд. Дар Афғонистон изҳор намуданд, ки он барои обёрии 55 ҳазор гектар заминҳои беҳосил дар ноҳияҳои шимоли Афғонистон ва ба роҳ мондани парвариши гандуму офтобпараст дар онҳо зарур аст.

Канали Қуштеппа дар вилояти Балхи Афғонистон аз дарёи сарҳадии Амударё сарчашма мегирад, ки қаламрави Афғонистонро аз ҳамсояҳои шимолиаш – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷудо мекунад. Дарозии он 285 км ва бараш - 100 метрро ташкил медиҳад.

Мақомоти Ӯзбекистон чандин маротиба аз эҳтимоли таъсири номусоиди канал ба бахши кишоварзии кишварашон изҳори нигаронӣ карданд.

Ба ақидаи мутахассисон, канали Қуштеппа ҳамчунин ба фалокати бештари баҳри Арал боис гардида, оби Амударёро мегирад.

Дар Эътилофи байнулмилалии “Дарёҳои бидуни марз” (Rivers without Boundaries) огоҳ карданд, ки ба истифода додани канал ба вазъи таъмини об дар кишварҳои ҳавзаи Амударё таъсири манфӣ мерасонад.

Пас аз анҷоми сохтмон, канали Қуштеппа метавонад тақрибан 20% оби дарёи Амударёро барои обёрии заминҳои кишоварзии Афғонистон гирифта, таъсири он ба камбуди оби Амударё дар фасли тобистон бинобар тақсими дубораи ҷараён дар НБО-и “Роғун”, ки дар болооби дарё дар Тоҷикистон сохта мешавад, шиддат меёбад.

Моҳи сентябри соли 2023 дар нишасти Фонди байнулмилалии наҷоти Арал президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуд, ки Афғонистон ба муколамаи минтақавӣ оид ба истифодаи муштараки захираҳои обӣ ҷалб карда шавад. Дар посух ба ин вазири захираҳои обӣ ва энергетикаи ҳукумати толибон Абдуллатиф Мансур зикр кард, ки ҳукумати кунунии Афғонистон дар мавриди гирифтани об аз Амударё бо ягон созишнома маҳдуд нест.

Нимаи моҳи октябри ҳамон сол толибон дар бораи анҷоми марҳилаи якум ва оғози марҳилаи дуюми сохтмони канал хабар доданд. Онҳо аз кишварҳои минтақа дархост намуданд, ки доир ба сохтмони канал нигаронӣ накунанд ва изҳор доштанд, ки ба ҳалли масоил”тариқи роҳҳои дипломатӣ” омодаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.