Аз соли 2016 теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон дар Русия қариб 4 баробар кам шуд. Тавре ки Лента.ру менависад, дар ин бора котиби матбуотии президенти ин кишвар Шерзод Асадов дар барномаи Yangi Zamon изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, то соли 2016 тақрибан аз 4 то 6 млн муҳоҷирони ӯзбек дар Русия кор мекарданд. Айни замон ин нишондиҳанда то 1 млн нафар поин рафтааст.

Ба назари Асадов, ин ҳолат бо он шарҳ дода мешавад, ки ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ пурсамар ҷараён дорад.

Ба гунаи мисол ӯ зикр кардааст, ки дар Ӯзбекистон корфармоён барои бо кор таъмин кардани муҳоҷироне, ки аз Русия бармегарданд, кумакпулӣ мегиранд.

Коршиноси масоили муҳоҷират Вадим Коженов мегӯяд, ислоҳот дар Ӯзбекистонро дарвоқеъ ҳам метавон пурсамар арзёбӣ кард, лекин рақамҳои зикршуда асоси воқеӣ надоранд.

“Сол то сол сафи муҳоҷирон аз Ӯзбекистон оҳиста-оҳиста кам мешавад. Шояд солҳои 2017-2018 аз ҳама зиёдтар - беш аз 2,5 млн нафар буд. Баъдан президенти ин кишвар иваз шуда, ислоҳоти ҷиддӣ роҳандозӣ шуд ва иқтисоди ба таври назаррас рушд ёфт. Акнун баъди пандемия мебинем, ки дар як сол теъдоди онҳо 100-150 ҳазор нафар кам мешавад, зеро дар он ҷо дарвоқееъ ҳам иқтисод дар ҳоли рушд қарор дорад. Ва бисёриҳо акнун дар фикри онанд, ки бармегарданд”, - иброз доштааст Коженов.

- Алоҳида чунин омилро зикр мекунем, ки дархост аз ҷониби шаҳрвандони Ӯзбекистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия ду баробар кам шуд. Яъне онҳо ба гирифтани шаҳрвандии Русия начандон ҳавасманд мебошанд. Теъдоди онҳо кам мешавад, лекин ин коҳиши назаррас нест. Қариб 2 млн шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия кор мекунанд. Аҳолии ин кишвар 33 млн нафарро ташкил дода, шартан 7-8%-и аҳолии кишвар дар Русия қарор доранд. Аз ин кишвар бештар мардон ба муҳоҷирати корӣ меоянд”.

Айни замон муҳоҷирон аз Ӯзбекистон муҳоҷирати кориро дар Аврупо, Туркия ё Ховари Миёна афзалтар медонанд.

“Он ҷо зиёдтар маош медиҳанд. Маоши ӯзбекон дар Русия бо музди меҳнат дар Тошканд баробар шудааст”,- зикр кардааст Суратбек Абдураҳимов, президенти Автономияи миллии фарҳангии ӯзбекон дар Санкт-Петербург.

“Имрӯз Ӯзбекистон дар ҳоли рушд қарор дошта, сохтмон хеле зиёд аст. Маош баробар аст ва шаххс дар хонааш кор мекунад. Дар Русия ахиран хеле зиёд ҳуқуқҳо поймол мешаванд, бахусус пас аз ҳодисаҳои ба ҳама маълум муносибат бо намояндагони сохторҳои қудратӣ хуб нест. Баъзе вакилон низ мегӯянд, ки аз муҳоҷирон фақат зарар аст. Агар ҳадди ақалл ҳатто 3 млн нафар барои андоз аз даромади шахсони воқеӣ 5 ҳазор рубл пардохт кунанд, ин ба буҷети Русия моҳона 15 млрд рубл даромад меорад”, - мегӯяд Абдураҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, Арабистони Саудӣ айни замон “миллион муҳоҷир дархост намудааст, маош аз 1,5 ҳазор доллар сар мешавад, ҳеҷ гуна дигар хароҷот нест, бо манзилу хӯрок таъмин мекунанд, дар он ҷо шахс 1,5 ҳазор доллар пули соф кор мекунад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.