Сокинони пойтахт Мирзоҳотам Зайнутдинов ва Бибихоҷар Хуҷамқулова моҳи авгуусти соли 2019 шинос шуда, барои вохӯриҳо мунтазам ҳуҷраеро аз хонаи шаҳрванд Дмитрий Дронов дар кӯчаи Севастополская бо маблағи ҷудогона иҷора гирифтаанд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, моҳи сентябри соли гузашта пас аз истеъмоли машрубот дар ин хона Дронов ба зан таклифи алоқаи ҷинсӣ карда, бо гирифтани ҷавоби рад охиронро дашномҳои қабеҳ додааст.

“Зайнутдинов ин ҳолатро дида, аз ҳиссиёти рашк бо мушт ба рӯйи Дронов зарбаи сахт мезанад, ки охирон ҷароҳат бардошта, ба замин меафтад”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, сипас онҳо дасту пойҳои Дроновро бо банд баста, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардан ба воситаи болишт роҳи нафаси ӯро муддати 10 дақиқа маҳкам карда, ба қатл мерасонанд. Сипас аз дохили манзили истиқоматӣ молу ашёи гуногунро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Ба иттилои манбаъ, онҳо бо ҳукми суди шаҳри Душанбе гунаҳкор дониста шуда, Мирзоҳотам Зайнутдинов ба муҳлати 20 сол ва Бибихоҷар Хуҷамқулова ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.