Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Муҳаммадӣ Ворисовро барои ҷинояти 20 сол пеш содиркардааш ба 10 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре маркази матбуоти суди мазкур хабар медиҳад, сокини шаҳри Душанбе Муҳаммадӣ Ворисов тибқи қарордод ба сафи мақомоти амнияти миллӣ ба кор даромада, моҳи январи соли 1998 муҳофизи расмии пешвои Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдулло Нурӣ таъин мешавад.
Моҳи июли соли 2000 ӯ бо автомати Калашников ва таппончаи “Браунинг” мусаллаҳ шуда, ба қаҳвахонаи пивофурӯшии воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халақҳои пойтахт меравад.
“Ворисов барои тарсонидани кормандони қаҳвахона ба ҳаво тир холӣ карда, се нафари онҳоро лату кӯб ва аз хазина 600 ҳазор рубли тоҷикиро тасарруф мекунад”, - қайд шудааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, баъдан ӯ аз кор баромада, ба берун аз ҳудуди Тоҷикистон меравад. Моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон боздошт ва барои ҷинояти содиркардааш ба ҳабс гирифта мешавад.
Муҳаммадӣ Ворисов дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ғоратгарӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.
Нисбат ба маҳкумшуда меъёрҳои қонун “Дар бораи авф”-и моҳи августи соли 2001 дар Тоҷикистон қабулшуда татбиқ гардида, муҳлати ҷазои ӯ аз се як ҳисса кам карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.