Сокинони вилояти Қундузи Афғонистон Ҷалолиддин валади Ёрмуроди 48-сола ва Қалдов Аҳмад Ҷории 30-сола сарҳади давлатии Тоҷикистонро дар қитъаи “Туюнтов”-и ноҳияи Носири Хусрав ғайриқонунӣ убур карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, онҳо аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва аз онҳо ҳудуди 15 кило маводи нашъадори навъи «афюн» ва 140 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш», инчунин 1 автомати Калашников, 5 тирдон бо 141 дона тир дарёфт ва мусодира гардид.

Гуфта мешавад, зимни пурсиши дастгиршудагон муайян карда шуд, ки онҳо мехостанд воситаи нашъадорро дар ҳудуди Тоҷикистон ба муомилот бароранд.

Нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ ва бо худ доштани силоҳи оташфишон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти матбуотии рӯзи 27 июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир ба масъалаи марбут ба вазъ дар сарҳад бо Афғонистон изҳор дошт, ки айни замон масъалаи бозгашти сарҳадбонони рус ба марзи Тоҷикистон баррасӣ намешавад ва ҳарчанд вазъият дар сарҳад башиддат бошад ҳам, Тоҷикистон мустақилона ба ҳимояи сарҳадҳои худ қодир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.