Дар ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербург як гуруҳи иборат аз 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо чӯбдаста (бита) ҳамдиёри худро лату кӯб ва ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Лекин базудӣ дастгир шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тавре ки портали Saint-Petersburg.ru хабар медиҳад, ҳодиса рӯзи 15 июл рух дода, як шоҳиди он ба хадамоти “112” хабар додааст.

Ӯ изҳор намудааст, ки 5 нафар як мардро бо дастачӯб лату кӯб намуда, ҳуҷҷатҳояшро гирифтаанд ва бо автомашинаи “Фолксваген” аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ӯ инчунин рақамҳои автомашинаро номбар кардааст.

Гуфта мешавад, ҷабрдида шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ӯ худаш ба мақомоти пулис муроҷиат намуда, зикр кардааст, ки ҳамлагарон ба ӯ бо корду дастчӯб таҳдид намуда, сумкаашро гирифтаанд, ки дар он ҳуҷҷатҳову, чизҳои шахсӣ ва 25 ҳазор рубл пули нақдро нигаҳдорӣ мекардааст. Зарари умумиро муроҷиаткарда 55 ҳазор рубл арзёбӣ намудааст.

Дар ҷараёни амалиёти фаврии мақомоти пулис автомашина дарёфт ва 5 шаҳрванди Тоҷикистони синни аз 22 то 33-сола боздошт шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 161 Кодекси ҷиноятии ФР (ғоратгарӣ бо истифода аз зӯроварӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.