Додгоҳ як шаҳрванди зани 36-солаи Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро ба гумони даст доштан дар куштани корманди қаҳвахонае, ки дар он ҷо кор мекард, ба ҳабс гирифт. Дар ин бора портали VM.ru бо истинод ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 4 январ дар қаҳвахонаи «Хинкальная Тбилисо» дар Митишии вилояти Маскав рух додааст. Ҳангоми муноқиша бо ҳамкори 50-солаи худ Дусаева бо корд ба қафаси синаи мард якчанд бор зарба мезанад. Мард то омадани мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ҳалок шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумонбаршудар баъди якчанд соати рух додани ҳодиса боздошт намудаанд.

“Шаҳрванди зани 36-солаи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори ҳамкори 50-солаи худ ба ҳабс гирифта шуд. Айни замон дар робита ба ин ҳодиса тафтишот роҳандозӣ шуда, ҳамаи ҳолатҳои марбут ба ин ҷиноят таҳқиқ мешаванд”, - зикр мегардад дар хабар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.