Мусоҳибаи Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба Радиоии СММ доир ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор»:
«Тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ҳадафҳои Даҳсола таваҷҷуҳи баланд ба рушди устувор ва идоракунии ҳамоҳангшудаи захираҳои об барои расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, амалигардонӣ ва пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои дахлдор, инчунин густариши ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидати татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои об, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд.
Илова бар ин, дар қатънома муҳиммияти пешбурди истифодаи босамари об дар ҳама сатҳҳо, бо назардошти ҳамалоқамандии захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва муҳити зист махсус таъкид гардидааст.
Қатънома ҳадафҳои иловагии Даҳсола, аз ҷумла такмили механизмҳои ташаккул ва паҳн намудани дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва табодули иттилоот оид ба таҷрибаи пешрафта, гирифтани иттилооти нави алоқаманд ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об; амалӣ намудани фаъолияти иттилоотию фаҳмондадиҳӣ; таъсиси шабакаҳо ва мусоидат ба ташкили шарикӣ ва фаолияти дигар иштирокдорони манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об; таҳкими фаъолияти коммуникатсионӣ дар сатҳҳои гуногун ба манфиати татбиқи ҳадафҳои бо захираҳои об алоқамандро муайян мекунад.
Қатъномаи мазкур ба Дабири кулли СММ андешидани тадбирҳои заруриро барои банақшагирӣ ва ташкили фаъолият дар доираи Даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварӣ бо дастгирии механизми байни муассисавии «СММ – захираҳои об» пешниҳод менамояд.
Дар баробари ин натиҷаҳои амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», фаъолияти Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ва кори Комиссияи сатҳи баланд оид ба об, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ ва Раиси Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст, бояд ба инобат гирифта шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳбарони 10 кишвари дигари аъзои СММ узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об мебошад. Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об таъйин шудааст.
Тибқи қатъномаи мазкур гузаронидани ду муколамаи корӣ таҳти роҳбарии Президенти сесияи 71-уми МУ СММ оид ба муҳокимаи масъалаи баланд бардоштани ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти СММ, ки марбут ба манбаъҳои обӣ аст, инчунин Шарҳи миёнамӯҳлати СММ доир ба рафти татбиқи Даҳсола дар чорчӯбаи сесияи 77-уми МУ СММ дар назар аст.
Пас аз соли нав раванди омодагӣ доир ба гузаронидани муколамаи кории Маҷмаи Умумии СММ оғоз мегардад. Раванди омодагӣ ба Шарҳи миёнамӯҳлат ҷиҳати рафти татбиқи Даҳсола мутобиқи қатъномаи мазкур дар рафти сесияи 73-уми МУ СММ тирамоҳи соли 2018 оғоз мегардад.
Ибтикорот дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли гузашта дар Ҷумҳурии Корея доир гардид, пешниҳод шуд.
Президенти кишвар зимни суханронӣ дар Форуми об таъкид намуд, ки: «…чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонии муосир, бо шумули буҳрони молию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кӯдак ҳанӯз сафарбар намудани талошҳои мо ва қабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд».
Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки бар ивази Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015»-и хотимаёфта, Даҳсолаи нав омода шудааст, ки платформаи қавие мегардад ва ба ҳамоҳангӣ ва пешбурди тамоми кӯшишҳо барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба манбаъҳои обӣ мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, Даҳсолаи нав даъват менамояд, ки кори ба итмом нарасидаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» бо чораҳо ва кӯшишҳои нав баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мукаммал гардонида шавад.
Ибтикорот дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» низ соли 2003 аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шуда буд. Баъдан, дар доираи ин даҳсола инчунин ибтикороти Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкории об, ҳамчунин дигар ибтикоротҳо, аз ҷумла Соли байналмилалии санитария ҷонибдорӣ ёфт.
Дар доираи Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои ҳаёт» ва тибқи қатъномаҳои МУ СММ се Муколамаи интерактивии Маҷмаи Умумӣ дар солҳои 2010, 2013 ва 2015 гузаронида шуданд. Илова бар ин, Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо СММ дар Душанбе чорабиниҳои муҳимро, аз ҷумла шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи ҷараёни баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» дар моҳи июни соли 2010, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об моҳи августи соли 2013 ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» моҳи июни соли 2015 омода ва баргузор кард».
Қобили зикр аст, ки рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи сипаришуда Маҷмаи Умумии СММ якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то соли 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати аъзои СММ ҷонибдорӣ намуданд.
Бори аввал ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Ин кишвар таҳияи муносибати ҳамоҳангшуда ба идоракунии захираҳои обро пешниҳод кард. Даҳсолаи қаблӣ соли 2005 оғоз ёфта буд.