ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 ДЕКАБР

Соли 1962 - Сохтмони хати интиқоли нерӯи барқи "Головная" дар Душанбе ба анҷом расид.

Соли 1964 – Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд тасдиқ шуд.

Соли 2011 – Технологияҳое, ки тавассути лизинг (қарордоди иҷораи молиявӣ) ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.

Соли 2013 – Дар Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд.

Соли 2013 – Миллиардери эронӣ Бобак Занҷонӣ бо иттиҳоми ғасби зиёда аз 2 миллиард доллар, ки аз фурӯши нафти Эрон ба даст омада буд, боздошт шуд. Ӯ ҳуҷҷати қалбакиеро пешниҳод кард, ки гӯё аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода шуда, интиқоли маблағро ба ҳисоби Вазорати нефти Эрон тасдиқ мекард.

Соли 2015 – Қарори ҳукумат “Дар бораи маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ” қабул гардид, ки фаъолияти субъектҳои дар ин соҳа фаъолияткунандаро маҳдуд кард.

Соли 2020 – ИМА ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон 200 баллони оксигенӣ барои беморони COVID-19 тақдим кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1917 – Мавлуди Мулук Баҳор, сарояндаи опера, модари Фирӯз Баҳор.

Мулук Баҳор яке аз аввалин сарояндагони операи тоҷик буда, дар рушди санъати операвии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ солҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва муддате дар Ансамбли суруд ва рақси Филармонияи давлатии ҶШС Ӯзбекистон фаъолият кардааст.

Мулук Баҳор дар саҳнаи театр операҳои зиёдеро иҷро кардааст, аз ҷумла Гулъизор дар операи “Шӯриши Восеъ”, Гулрӯ дар “Пӯлод ва Гулрӯ”, Ойхон дар “Найрангҳои Майсара”, Маҳин дар “Тоҳир ва Зуҳро”, Гулчеҳра дар “Оршинмололон” ва ғайра.

Соли 1927 – Зодрӯзи Бӯринисо Бердиева, рӯзноманигори шинохаи тоҷик.

Буриниссо Бердиева

Бӯринисо Бердиева рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятии тоҷик буда, ки дар рушди матбуоти тоҷик ва бедории фикрӣ дар замони Шӯравӣ саҳм гузоштааст. Ӯ фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи “Барои колхози болшевикӣ” дар ноҳияи Шӯробод оғоз намуда, баъдан дар Кӯлоб то мақоми котиби дуюми кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист расидааст.

Солҳои 1960–1983 сардабири рӯзномаи “Маориф ва маданият” буд, ки дар ин давра нашрия ба минбари озодфикрон ва равшанфикрони тоҷик табдил ёфта буд.

Дар замони Шӯравӣ, ки ҷашни Наврӯз мамнӯъ ё маҳдуд буд, Бӯринисо Бердиева бо ҷасорат ва истодагарӣ дар нашрияаш ба эҳёи ин ҷашни миллӣ мусоидат кард. Ӯро ҳамчун “Қаҳрамони Наврӯз” ва “Сардафтари матбуоти озоди тоҷик” ёд мекунанд, ки дар замони рукуди фикрӣ барои бедории миллӣ ва озодандешӣ талошҳои зиёде кардааст.

Бӯринисо Бердиева соли 2003 дар шаҳри Душанбе аз бемории саратон даргузашт.

Перомуни зиндагӣ ва фаъолияти Бӯриниссно Бердиева дар ин мусоҳибаи "Азия-Плюс" бо Саидаҳмад Қаландаров, яке аз ҳамкорон ва дӯстони ӯ маълумот пайдо мекунед: "Сайидаҳмад Қаландаров: "Қаҳрамони Наврӯз" ба ҷуз танбеҳ дигар унвон надошт"

Соли 1944 – Мавлуди Ҳайдаршо Пирумшоев, таърихшинос ва доктори илмҳои таърих.

Ҳайдаршо Пирумшоев

Ҳайдаршо Пирумшоев соли 1944 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омад. Ӯ дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсили илм кардааст.

Дар ҳамин боргоҳи илм аз зинаи коромӯз (ассистент) то муаллими калон, дотсент, декани факултаи таърих, мудири кафедраи таърихи Тоҷикистон фаъолият кард. Тақрибан 20 сол инҷониб ба ҳайси профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба муҳассилин дарс медиҳад. Муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ аст.

Соли 1958 – Зодрӯзи Муртазо Зайниддинов, адабиётшинос.

Муртазо Зайниддинзода адабиётшинос, номзади илмҳои филология ва дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ хатмкардаи факултети филологияи ҳамин донишгоҳ буда, солҳо дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла дотсент ва мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад.

Муртазо Зайниддинов

Муртазо Зайниддинзода 5-уми октябри соли 2023 дар синни 64-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1963 – Зодрӯзи Мавлуда Рафиева, рӯзноманигор.

Мавлуда Рафиёва дар ва журналистика, махсусан соҳаи матбуоти Тоҷикистон саҳми назаррас дошт. Ӯ 13 октябри соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд даргузашт ва дар оромгоҳи шаҳри Гулистон ба хок супорида шуд.

Соли 2015 – Акбар Ҷӯраев, яке аз асосгузорони телевизиони тоҷик аз олам даргузашт.

Акбар Ҷӯраев яке аз поягузорони телевизиони тоҷик ва раиси пешини Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти худро дар Кумитаи радио ва телевизион аз даврони донишҷӯияш оғоз намуда, то ба симмати муовинии раҳбари ин ниҳод расидааст.

Акбар Ҷӯраев дар рушди телевизиони Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, дар ташаккули барномаҳои аввалини телевизионӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо фаъолона иштирок кардааст. Ӯ дар синни 80-солагӣ, 30 декабри соли 2015 бар асари беморӣ аз олам даргузашт.

Акбар Ҷураев

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

102 сол қабл дар ҳамин рӯз дар Анҷумани якуми Иттифоқи Шӯроҳо Эъломия дар бораи таъсиси Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) қабул карда шуд.

Иттиҳоди Ҷумҳури Шӯравии Сотсиалистӣ ба яке аз бузургтарин давлатҳои ҷаҳон аз рӯи масоҳат табдил ёфт ва аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ ва ҳарбӣ мақоми дуввум ва аз рӯи шумораи аҳолӣ ҷойи сеюмро ишғол кард. ИҶШС нисфи Аврупои шарқӣ ва сеяки Осиёи шимолиро дар бар мегирифт.

96 сол қабл дар Токио аввалин хатти метро берун аз Аврупо ва Амрико ифтитоҳ шуд. Соли 1914 соҳибкори японӣ Норитсугу Хаякава пас аз сафараш ба Англия, ки дар он ҷо метрои Лондонро истифода кард ва инчунин бо вагонҳои бароҳати зеризаминии Глазго шинос шуд, қарор кард, ки чунин метроро дар Токио созад. Аммо сохтмони он бинобар Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба таъхир афтод. Соли 1920 Хаякава ширкати Роҳи оҳани зеризаминии Токио”-ро таъсис дод ва ниҳоят, 30 декабри соли 1927 аввалин хатти метро байни истгоҳҳои пойтахт кушода шуд. Ин хатт ҳамагӣ 2,2 километр дарозӣ дошт.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 30 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, дар баъзе  ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 25-30º то 38-40º сард, рӯзона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7º сард, рӯзона 0+2º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.