Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти Тоҷикистону Русия оид ба алоқаи ҳавоӣ гуфтааст, ки феълан ҷонибҳо талош доранд то мушкили парвозҳоро бо усули паритет ва ё баробарӣ ҳал кунанд.

«Муносибатҳои молӣ мушкилоти фаровон дорад ва ҷонибҳо ҳамеша аз манфиатҳои худ ҳимоят мекунанд, - қайд кардааст ӯ. - Фикр мекунам, ки ҷонибҳо бар пояи мувофиқатномае, ки дар Ҳамоиши 14-уми комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ки дар моҳи январ дар Душанбе баргузор шуд, ихтилофҳои назари худро ҳал мекунанд."

Гуфта мешавад, вай дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки пушти моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, ки ҳудуди шаш моҳ боз идома дорад, чӣ чизҳое нуҳуфта аст, гуфтааст, "ба андешаи ман, ихтилофи аслӣ дар атрофи шумораи парвозҳо аст, ки ширкатҳои ҳавоии Русия мехоҳанд аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба шаҳрҳои Тоҷикистон анҷом диҳанд."