Гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи қазия дар сарҳади кишварҳо ба итмом расиданд. Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои он, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.

Дар бораи чӣ муқаррароте дарҷ ёфтан дар матни созишномаи нав маълумот дастрас нест.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

“Дар ин созишнома ҳама чиз дарҷ ёфтааст ва моро танҳо лозим аст, ки фаъолона ҷиҳати амалисозии он кор кунем”, - қайд кард роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо, муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим.
Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон
Asia-Plus

Ғайр аз ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гунаҳкорон дар сар задани муноқиша дар сарҳад дарёфт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд.

“Одамон ҳалок шуданд, инро тафтиш ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашидан лозим аст. Дар ин самт мақомоти прокуратураи ҳарду кишвар бояд дар ҳамдастӣ кор кунанд”,- иброз дошт Азим Иброҳим.

Муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов дар навбати худ изҳор намуд, ки аз тавофуқҳои ҳосилшуда қаноатманд аст.

Жениш Раззоқов, муовини сарвазири Қирғизистон
Asia-Plus

“Хеле хушнудам, ки ба мо ба созиш расидан муяссар шуд, ин дар навбати аввал, барои аҳолии маҳаллӣ муҳим аст. Аз рӯи тавофуқҳои ҳосилшуда кор хоҳем кард”, - гуфт ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.