Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Исфара боздид намуда, бо вазъи зиндагии сокинони шаҳр ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз наздик шинос мешавад.

1/3

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, имрӯз сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар қитъаи наздимарзии давлатҳо бо намояндагони аҳли ҷомеа ва куҳансолони шӯроҳои деҳоти кишварҳо дидору гуфтушунид мекунанд.

Сипас гуфтушуниди ҷонибҳо дар шаҳри Исфара идома меёбад. Ҷонибҳо масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷараёни таъйин ва аломатгузории хати сарҳадро баррасӣ мекунанд.

Тавре хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон иттилоъ медиҳад, гуфтушуниди Сооронбой Жээнбеков ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Ота идома ёфта, дар он натиҷаҳои мулоқот дар шаҳри Исфара баррасӣ мешаванд. Сарони кшварҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Қобили зикр аст, ки масофаи умумии хати сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил дода, 519 киломтери он мувофиқа шудааст.

Қитъаҳои баҳсӣ асосан дар сарҳади байни ноҳияи Бобоҷон Гафуров ва шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияҳои Лайлак ва Ботканди вилояти Ботканди Қирғизистон ҷойгиранд, ки дар ин ҷойҳо бар сари обу чарогоҳ ва замин баҳсу низоъҳо ба амал меоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.