Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И рӯзи 27-уми октябр аз гӯшаи Тоҷикистон, ки бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар чорабинии навбатии анъанавии башардӯстона бо номи “Муҳаббат сарҳадҳоро намешиносад” дар шаҳри Пекин таъсис дода шуда буд, боздид кард.

Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ҳангоми гуфтугӯ бо сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода аз меваҷоти шаҳдбори Тоҷикистон, бахусус, лиму ёдовар шуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, дар гӯшаи Тоҷикистон китобҳо дар бораи фаъолияти пурсамари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, таърих ва фарҳанги тоҷикон, хӯроку шириниҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат гузошта шудаанд.

Зикр мешавад, ки маблағҳои дар рафти намоишгоҳ ҷамъоваришуда аз сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байнулмилалӣ, ширкатҳои чинӣ ва хориҷӣ ба оилаҳои камбизоат ва ободонии музофотҳои Чин равона хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.