Ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиёни Давлати исломӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда) ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод» дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барномаи сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба Швейтсария ва Фаронса тағйир надод.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ин масъала дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, сарвари давлат аз вазъи кишвар бохабар буда, бо намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, роҳбарони сохтори қудратӣ мудом дар робита аст ва дастуру супоришҳои зарурӣ медиҳад.

“Масъалаи пеш аз муҳлати пешбинишудаи сафар ба Душанбе баргаштани президент мавриди баррасӣ қарор надорад”, - таъкид дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 11-уми ноябр пас аз анҷоми сафари расмӣ ба Фаронса Эмомалӣ Раҳмон дар кори Анҷумани сулҳи Порис, ки маротибаи дуюм аз 11 то 13 ноябр дар Толори бузурги боғи Ла-Виллет доир мешавад, иштирок ва суханронӣ мекунад.

Зикр шуд, ки Анҷумани сулҳи Порис барои ҳалли мушкилоти доимо пайдошавандаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи усули бисёрҷониба нақши муҳим дорад. Он ҳамаи иштирокдорони равандро муттаҳид месозад ва таҳияи қарорҳои мушаххасро оид ба танзими глобалӣ осонтар мекунад.

Баъд аз анҷоми сафар ба Фаронса президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми ноябр ба Душанбе бармегардад.

Ӯ рӯзи 6-уми ноябр дар Швейтсария бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар мулоқот кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетикӣ, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолоти саноатӣ, саноати кўҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.

1/26

Эмомалӣ Раҳмон аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Швейтсария даъват ба амал овард, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок кунанд.

Дар ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи муштараки савдои Швейтсария ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ;­­­

- Ёддошти тафоҳум байни Созмони миллии маркетингии Швейтсария ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Ширкати “Гленкор”-и Конфедератсияи Швейтсария ва Ширкати “Талко”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот ба маблағи 1,3 миллиард доллари ИМА.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.