Имрӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳурони Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Украина Владимир Зеленский барқияҳои тасаллият ирсол кард.

«Хабари фоҷиаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурудгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии амиқ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро иброз медорам», - омадааст дар ин барқияҳо, ки матнашон комилан ҳамсон аст.

Рӯзи 8-уми январ тайёраи украинии Боинг-737 дар қарибии фурудгоҳи байнулмилалии Имом Ҳумайнии Теҳрон дучори садама шуд. Ҳукуматдорони Эрон сабаби суқути ҳавопайморо оташ гирифтани муҳаррик унвон карданд.

Дар ин тайёра 2 украинӣ ва наздики 13 сарнишин аз ин кишвар, ҳамчунин шаҳрвандони Эрон – 71 нафар, Канада – 73, Олмон – 4, Бритониёи Кабир – 3, Шветсия –  8 ва  Афғонистон – 6 кас парвоз доштанд. 

Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.