Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи баргузории ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати шашум муайян кард.

Мутобиқи фармони раисҷумҳур, баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати шашум 17-уми апрел, соати 10 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Тибқи фармони дигари сарвари давлат, гузаронидани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати шашум рӯзи 17-уми апрел, соати 15 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 27-уми март интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ дар панҷ ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ бо иштироки 2163 нафар вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор шуд. Тибқи иттилои АМИТ “Ховар”, он аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ баргузоршуда маҳсуб гардид.

Дар натиҷаи интихобот номзадҳои зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ интихоб шуданд:

аз ҳавзаи бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1:

Файзов Ёдгор Доёрович – раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон – раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Додхудо Фаррух Муборакшо – раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Мирзозода Мусо Одинамуҳамад – раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Қонунзода Шодигул Худобахш – директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон».

аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар вилояти Суғд №2:

Аҳмадзода Раҷаббой – Раиси вилояти Суғд.

Набизода Мадина Раҳмат – директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон».

Ҳакимова Карима Муқимовна – сартабиби беморхонаи №1-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара.

Мӯъминова Фирӯза Исроиловна – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан.

Шукурзода Мурод Ҷура – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент.

аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар вилояти Хатлон №3:

Ҳакимзода Қурбон – раиси вилояти Хатлон.

Одилзода Дилбар Раҳим – директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб».

Одиназода Бозоралӣ Неъмат – раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон.

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон.

Шоиддинов Файзиддин Таваккалович – директори Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Т.Улҷабоев.

аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе № 4:

Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе.

Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ – ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Одилбекова Лола Қиёбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5:

Хоҷазода Фарзона Ҳаким – муовини раиси шаҳри Ваҳдат.

Акрамзода Рустам – раиси ноҳияи Рӯдакӣ.

Ҷумъазода Шарифҷон – раиси шаҳри Ҳисор.

Вализода Абдуқодир Исуф – раиси шаҳри Турсунзода.

Муқими Раҳимҷон Набизода – раиси ноҳияи Рашт.