Дар робита ба интишори наворҳои силсилафилми телевизионии “Патрул” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Тоҷикистон ба ВКХ Қазоқистон ёддошт (нота) фиристод.

“27-уми апрел ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо талаби аз лиҳози ҳуқуқӣ баҳо додани фаъолияти маркази продюсерии «B.A.S production», ки силсилафилмро ба навор гирифтааст ва фармоишгари он – ҶДММ “Канали телевизионии мустақил” (НТК) ёддошт фиристода шуд”, - омадааст дар маълумоти ВКХ ҶТ.

Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон дархост кардааст, ки ин амалҳо мутобиқи қонунгузории Қазоқистон бо назардошти мавҷуд будани ҳолатҳои туҳмат ва амалҳои барқасд баҳри барангехтани хусумати байни миллатҳо мӯшикофона санҷида шаванд.

Гуфта мешавад, Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин мавзӯъро таҳти пайгирӣ қарор додааст.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сериали қазоқии “Патрул” нашр шуд, ки дар он кормандони милитсия як муҳоҷирро боздошт мекунанд. Ӯ на забони русиро медонаду на қазоқиро. Дар ин филм дастгиршуда ба забони ӯзбекӣ гап мезанад, аммо кормандони милитсия ӯро чун тоҷик қабул карда, ба шуъба мебаранд. Ӯро маҷбур мекунанд, ки деворҳои долонро ранг молида, мошинҳои кормандони милитсияро шӯяд. Дар охири навор маълум мешавад, ки ӯ гӯё сафири Тоҷикистон будаасту роҳ ба сафоратро гум кардааст.

Пас аз пайдо шудани ин видеои таҳқиромез дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони тоҷикистонӣ бо изҳори норозигии шадид талаб карданд, ки ҳукумати кишвар ба ин масъала расидагӣ кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.