Бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзҳои 14-15 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар таҳким ва рушди ҳамкории бисёрҷабҳа ва дӯстӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронси илмиву амалӣ баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар кори конфронс гурӯҳи сершумори сииёсатмадорону коршиносон ва олимони ҳар ду кишвар иштирок мекунанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои кори конфронс дар Душанбе ва Тошканд бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ китобу брошюраҳо нашр мешаванд, ки фарогири гузоришҳои конфронс хоҳанд буд.

Қобили зикр аст, ки пас аз сари мансаби сарвари давлати Ӯзбекистон омадани Шавкат Мирзиёев фазои муносибатҳо байни ҳамсоякишварҳо куллан дигаргун шуд. Ҳар ду ҷониб тасмим гирифтанд, ки ба ҷанги сард хотима бахшида, ба асосҳои шарикии стратегӣ замина мегузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.