Кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ҷиҳати баромадан ба сатҳи комилан нави боэътимоди муносибатҳо оид ба масъалаи обу энергетика даст ёфтанд. Дар ин бора зимни конфронси дурӯзаи "Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон" муовини раиси Маркази тадқиоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода изҳори назар кард.

Ӯ қайд кард, ки истифодаи имконоти бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба таъмини кишварҳои минтақа бо ҳиссаи зиёди энергетикаи аз лиҳози экологӣ тоза имкон медиҳад.

Муҳаммадзода бар ин назар аст, ки дурнамои рушди ҳамгироии минатқавӣ ва таъмини амният дар минтақа бештар ба ҳалли минбаъдаи масоили обу энергетика вобаста хоҳад буд.

“Ҳалли маҷмӯавии вазифаҳои гузошташуда ба истифодаи оқилона ва пурсамари имконоти обиву энергеткӣ мусоидат намуда, рушди устувори истифодаи фаромарзии обро таъмин мекунад, ки ин яке аз самтҳои муҳимтарини рушди иқтисоди кишварҳои минтақа мебошад”, - гуфт ӯ.

Муҳаммадзода илова кард, ки истифодаи муштараки захираҳои бузург ва нодири минтақа, рушди муштарак татбиқи манфиатҳои кишварҳои минтақаро дар соҳаи сиёсату иқтисод ва ва фарҳангу амният кафолат дода метавонад.

Қобили зикр аст, ки байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масоили обу энергетика баъзе нофаҳмиҳо вуҷуд дорад.

Кишварҳои поёноби дарёҳои фаромарзӣ норасоии захираҳои обии худро доранд. Ба Туркманистон аз хориҷ беш аз 95%, Ӯзбекистон - 77% ва Қазоқистон - беш аз 40% об ворид мешавад.

Беш аз 60%-и захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 64 млрд метри мукааб об ташаккул меёбад. Ҷумҳурӣ аз ин ҳаҷм дар амал ҳамагӣ то 17%-ашро истифода мекунад.

Тибқи маълумоти ахир, захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ (Амӯдарё ва Сирдарё) байни кишварҳои минтақа тариқи зайл тақсим шудаанд:

- маҷрои Сирдарё: Ӯзбекистон – 50,5%, Қазоқистон – 42%, Тоҷикистон – 7% ва Қирғизистон – 0,5%;

- маҷрои Амӯдарё: Ӯзбекистон – 42,2%, Туркманистон – 42,3%, Тоҷикистон – 15,2% ва Қирғизистон – 0,3%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.