Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Шавкат Мирзиёев Президенти Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона ва бародарвор муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиаш муваффақиятҳо ба нафъи мардумони Тоҷикистон орзу намуд.
Дар рафти суҳбат оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар ин зимн Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистонро анъанаҳои деринаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва риштаҳои қавии дӯстӣ бо ҳам мепайванданд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки то ба имрӯз ҷонибҳо корҳои зиёди созандаро ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар қолаби шарикии стратегӣ ба анҷом расониданд. Изҳори боварӣ шуд, ки ин раванд минбаъд ҳам таъмиқу тавсеа хоҳад ёфт.
Пешвои миллат ба Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии дарпешистодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон комёбӣ хостанд.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни суҳбат атрофи масоли мубрами байнулмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи кунунӣ дар Афғонистон табодули назар сурат гирифт.
Сарони кишварҳо муҳимияти татбиқи пурраи созишнома ва қарордодҳои қабулшуда, идомаи ҳамкории мутақобила ва ҳамоҳангиро дар доираи фаъолияти комиссияи муштраки байниҳукуматӣ таъкид намуданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.