Департаменти давлатии ИМА дар сомонаи худ рӯйхати 110 кишварро нашр кард, ки барои иштирок ба “Ҳамоиш барои демократия” (Summit for Democracy) даъват шудаанд. Ин нишаст аз ҷониби президенти ИМА Ҷо Байден созмон дода мешавад. Дар рӯйхати рӯзи 24 ноябр нашршуда ягон кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ зикр нашудааст.

Ба рӯйхат инчунин Русия, Чин ва иттифоқчии ИМА дар НАТО Туркия шомил нашудаанд. Аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҷуз Маҷористон (Венгрия) дигар ҳама давлатҳо зикр шудаанд.

Собиқ кишварҳои пасошӯравиро Армамнистон, Гурҷистон, Латвия, Литва, Молдавия, Украина ва Эстония намояндагӣ мекунанд. Аз кишварҳои Ховари Миёна Исроил ва Ироқ даъват шудаанд.

Миёни кишварҳои даъватшаванда Тайван ҳам зикр шудааст, ки тибқи мавқеи расмӣ, яке аз музофотҳои Чин мебошад.

Ҳамоиш рӯзҳои 9-10 декабр тариқ конфронси видеоӣ баргузор мешавад. Дар он ба ҷуз шахсони расмии давлатҳо, инчунин тоҷирону намояндагони иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ ва созмонҳои хайрия иштирок мекунанд.

“Ҳамоиш ба чолишу имкониятҳое, ки демократияҳо ба он дучор мешаванд, бахшида шуда, барои раҳбарон замина фароҳам меорад, то ки уҳдадориҳои инфиродӣ ва дастаҷамъона, ислоҳот ва ташаббусҳои ҳифзи демократия ва ҳуқуқи инсон дар дохил ва хориҷи кишварро эълон кунанд”, - баён мешавад дар хабари Департаменти давлатӣ.

Гуфта мешавад, ҳамоиш ба роҳбарияти ИМА имкон медиҳад, ки бо доираи васеи субъектҳое, ки дастгирӣ ва ӯҳдадориҳои онҳо барои таҷдиди глобалии демократӣ муҳиманд, гуфтушунид карда, пешниҳодоти онҳоро бипазираду омӯзад.

"Он инчунин яке аз ҷиҳатҳои пурқуввати беназири демократияро нишон хоҳад дод: қобилияти эътироф ва муқобилаи ошкоро ва шаффоф бо заъфҳои он, то ки тавре дар Конститусияи ИМА гуфта шудааст, мо тавонем, иттифоқи бештар комилтаре ташкил кунем", - омадааст дар хабар.

“Ҳифозат аз худкомагӣ (авторитаризм), пешгирии коррупсия ва мубориза бо он, мусоидат ба эҳтироми ҳуқуқи башар” аз ҷумлаи мавзӯъҳои калидии ҳамоиш унвон шудааст.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошта буд, ки ҳадафи ташкили ҳамоиш аз ҷониби ИМА “ҷудо кардани одамону кишварҳо ба демократӣ ва ғайридемократӣ” аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.