“Натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар формати “Осиёи Марказӣ-ИМА” мусоидат хоҳад кард”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 19 сентябр дар нахустин нишасти сарони кишварҳои С5+1 (Осиёи Марказӣ-ИМА) дар Ню-Йорк.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон кӯшишҳои кишварҳоро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор комилан дастгирӣ мекунад.

“Дар заминаи вазифаи таъхирнопазири пешбурди “иқтисоди сабз” Тоҷикистон ба рушди энергетикаи сабз аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба рушду пешрафти кишварҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад, андешаронӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин доир ба афзоиши чолишҳо ва таҳдидҳо, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи сиёсии Афғонистон ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон сухан ронда, дар ин раванд ҳамкорӣ ва мусоидати шарикони байналмилалиро зарур шуморид.

Акс аз prezident.uz

“Тоҷикистон иқтидори логистикии худ, аз ҷумла 6 пул дар марз бо Афғонистонро барои расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии кишвари ҳамсоя пешкаш намуда, нерӯи барқ ва тавассути бозорҳои наздисарҳадӣ, ки фаъолиятиашон аз нав ба роҳ монда шуд, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ содирот мекунад”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ гуфтааст, ки субот дар Афғонистон омили муҳими рушди робитаҳои байниминтақавӣ мебошад аз ин рӯ, мо манфиатдор ҳастем, ки сулҳу субот дар ин кишвар ҳарчи зудтар барқарор шавад.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштааст, ки қабули Эъломияи ин ҳамоишро ҷонибдорӣ мекунад.

Бояд зикр кард, ки дар пайи Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” Эъломияи сарони давлатҳо қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.


Президентҳои дигар чӣ гуфтанд?

Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ба ҳамтоёни худ барои шарикӣ дар масъалаҳои амнияти минтақа изҳори сипос кард ва ваъда дод, ки ҳамкориҳоро дар заминаи амнияти марз, мубориза бо терроризм ва ҳифзи қонун идома хоҳад дод.

“Ман фикр мекунам, ки ин як лаҳзаи таърихӣ аст. Мо дар асоси ҳамкориҳои зичи бисёрсолаи Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида — ҳамкорие, ки бар ӯҳдадории муштараки мо ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзӣ асос ёфтааст, бунёд мекунем. Ба фикрам, ин принсипҳо аз ҳарвақта дида муҳимтаранд. Ва имрӯз мо ҳамкориҳои худро ба зинаҳои нав мебарорем”, - гуфт президенти ИМА.

Вай қайд кард, ки “аввал, мо ҳамкориҳои худро дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла афзоиши маблағгузории ИМА дар соҳаи амнияти Осиёи Марказӣ таҳким мебахшем”.

“Дуюм, мо робитаҳои иқтисодии минтақаро таҳким мебахшем. Масалан, мо як платформаи нави тиҷоратӣ эҷод карда истодаем, ки фаъолияти дипломатии моро пурратар мекунад ва бахши хусусии моро барои рушд беҳтар мепайвандад”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, барои таъсиси он USAID конфронси минтақавии C5+1-ро дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи октябри соли ҷорӣ ташкимл мекунад.

"Мо инчунин зарфияти муколамаи нави муҳимро оид ба захираҳои маъданӣ барои таҳкими амнияти энергетикӣ ва занҷирҳои таъминот барои солҳои оянда баррасӣ мекунем”, - гуфт Байден.

Акс аз АР

Дар ин замина, Иёлоти Муттаҳида пешниҳод кард, ки Муколамаи С5+1 оид ба маъданҳои муҳимро барои коркарди сарватҳои бузурги маъданҳои Осиёи Марказӣ ва беҳбуди амнияти маъданҳои муҳим роҳандозӣ кунад.

Президент Байден инчунин дастгирии доимиро барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва талошҳои тавонмандсозии иқтисодии занон ҷонибдорӣ кард ва даъват кард, ки тамаркузи нави C5+1 ба ҷорӣ намудани ҳуқуқҳои маъюбон дар тамоми бахшҳо равона карда шавад.

Сарвари Қирғизистон Садир Жапаров ҳамчунин дар бораи сарватҳои бузурги табиӣ, захираҳои бузурги энергетикӣ ва маъданҳо сухан гуфт. Номбурда қайд кард, ки барои устувории иқтисодии ҳар кишвар рушди соҳаи энергетика ва таъмини бефосилаи нерӯ шарти асосӣ мебошад.

“Кишвари мо қариб нисфи захираҳои обии минтақаро дорад. Иқтидори гидроэнергетикии Қирғизистон тақрибан 142,5 миллиард кВт/соат дар як сол аст, вале ҳоло на бештар аз 13% истифода мешавад. Қирғизистон инчунин барои намудҳои гуногуни манбаъҳои барқароршавандаи энергия иқтидори калон дорад”, - гуфт ӯ.

Президенти Қирғизистон сармоягузорон, шарикони байналмилалӣ ва институтҳои молиявиро ба сармоягузорӣ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти энергияи барқароршаванда даъват намуд.

“Соли ҷорӣ мо низ ташаббуси таҷдиди сохтори қарзи хориҷии давлатро, аз ҷумла бо истифода аз механизми табодули он ба лоиҳаҳои соҳаи иқтисодиёти сабз ба миён гузоштем. Умедворем, ки ҷониби Амрико дар ҳамкорӣ бо шарикон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ кумак хоҳад кард”, - гуфт Садир Жапаров.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки ҷонибдори ҳузури васеътари шарикони хориҷӣ, аз ҷумла тиҷорати амрикоӣ дар кишвараш мебошад.

Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар суханронии худ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин имкониятҳои ширкатҳои амрикоӣ дар бахшҳо, аз қабили истихроҷи маъданҳои муҳим, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, истеҳсолот ва ғайра таваҷҷуҳи махсус дод.

Акс аз akorda.kz

Илова бар ин, дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла амнияти киберӣ, терроризм, ифротгароии хушунатомез, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тоқаев қайд кард, ки Қазоқистон ба дастгирии ИМА дар таъсиси Маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато умед дорад.

Дар суханрониҳои президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчунин доир ба дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди сабз, таъмини амнияти энергетикӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳамкорӣ дар масъалаҳои таъмини амнияти минтақа, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои фаромарзӣ сухан рафт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.