Рӯзи 29 сентябр дар Қазон вохӯрии навбатии формати Маскав перомуни Афғонистон баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаҳои он ҳамаи иштирокдорон ба ҷуз Тоҷикистон, Эъломияи хотимавири маъқул донистанд. Бо гузашти қариб як ҳафта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикитсон ин масъаларо шарҳ дод.
Дар ҳамин ҳол, «манфиатҳои миллӣ» ягона чизест, ки дар шарҳи Вазорати корҳои хориҷӣ ҷой дошт.
Дар ВКХ аз шарҳи гуфтаҳои намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кабулов, ки қаблан аз ҷузъиёти раванди музокирот оид ба эъломияи хотимавии мулоқот дар Қазон, аз ҷумла мавқеъи ҷониби Тоҷикистон дар мавриди қабул надоштани муқаррароти алоҳидаи санад изҳори назар карда буд, худдорӣ варзиданд.
Дар ВКХ Тоҷикистон танҳо ба дипломати воломақоми Русия тавсия доданд, ки “одоби дипломатиро риоя кунад”.
Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии рӯзи 29 сентябр дар Қазон намояндагони 15 кишвар бо шумули Русия, аз ҷумла намояндагони махсуси ВКХ аз Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат варзиданд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар Афғонистон, масоили созиш байни афғонҳо, таъмини амният дар минтақа ва барқарорсозии кишвар пас аз ҷангро баррасӣ карданд. Афғонистонро як ҳайат таҳти сарварии сарпарасти вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Толибон Амир-Хон Муттақӣ намояндагӣ кард.
Қаблан сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён ба “Азия-Плюс” бобати ба кадом бандҳои эъломияи ниҳоӣ мувофиқ набудани Тоҷикистон ва барои чӣ муҳим будани он ба кишвари мо изҳори назар карда буд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.