Рӯзи 29-уми сентябр дар Қазон вохӯрии навбатии формати Маскав перомуни Афғонистон доир гардид. Аз рӯи натиҷаҳои он ҳамаи иштирокдорон, ба ҷуз Тоҷикистон Эъломияи хотимавиро маъқул донистанд. Сиёсатшиноси тоҷик нуктаҳои онро шарҳ дод.
Дар ҷаласа намояндагони 15 кишвар бо шумули Русия, аз ҷумла намояндагони махсуси ВКХ аз Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат варзиданд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар Афғонистон, масоили созиш байни афғонҳо, таъмини амният дар минтақа ва барқарорсозии кишвар пас аз ҷангро баррасӣ карданд.
Афғонистонро як ҳайат таҳти сарварии сарпарасти вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Толибон Амир-Хон Муттақӣ намояндагӣ кард.
Ба гуфтаи намояндаи вижаи президенти Русия оид ба Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиёи ВКХ Русия Замир Кобулов, “шарикон аз Тоҷикистон нисбат ба бандҳои алоҳидаи ин эъломия эътироз доранд”. Аз ин рӯ, онро имзо накарданд.
Дар ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” аз ифшои ҷузъиёти эъломия ва сабаби маҳз барои чӣ аз имзои он даст кашидани Тоҷикистон худдорӣ карданд. Дар Вазорат ба таври кӯтоҳ чунин посух доданд: “Инро бидуни шарҳ мегузорем”.
Мо аз сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён дархост кардем шарҳ бидиҳад, ки Тоҷикистон ба кадом бандҳои эъломияи ниҳоӣ мувофиқ набуд ва барои чӣ ин барои мо муҳим аст.
Форматҳои барои намоиш
Аз замони ба сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон тайи ду соли ахир барои барррасии вазъ дар ин кишвар як қатор вохӯриҳои байнулмилалӣ баргузор шуд.
Таҳлили асноди ниҳоӣ ва фаъолияти воқеии “Толибон” дар Афғонистон гувоҳи он аст, ки дарвоқеъ форматҳо ҳеҷ натиҷае ба даст наовардаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ як чизро талаб мекунаду “Толибон” ба чизи дигар пофишорӣ дорад.
Ҳамин тариқ, самаранокии чунин форматҳо паст боқӣ мемонад ва ба якчанд омилҳо вобаста аст:
Якум, чунин ба назар мерасад, ки форматҳо перомуни Афғонистон пеш аз ҳама ба кишвари мизбон ё давлати ташаббускор барои нишон додани робита бо шарикони дигар (аз ҷумла бо “Толибон”) ва сиёсати махсус дар робита ба вазъ дар он кишвар лозим аст;
Дуюм, Толибон низ ба чунин форматҳо ниёз доранд, то намояндагонашон дар машваратҳои байналмиллалӣ ширкат варзанд ва нишон диҳанд, ки онҳо дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ машруъият пайдо мекунанд.
"Формати Маскав" соли 2017 бар асоси механизми машварати шашҷонибаи намояндагони махсуси Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Чин ва Покистон таъсис дода шудааст. Нахустин ҷаласаи он 14 апрели соли 2017 бо иштироки муовинони вазирон ва намояндагони вижаи 11 кишвар, аз ҷумла ҷониби Афғонистон баргузор шуд. Ҷаласаи чоруми қаблӣ моҳи ноябри соли 2022 бидуни ширкати толибон дар Маскав доир гардида буд.
Ин гуфтумон ба вижа ба он хотир муҳим аст, ки дар дохилу хориҷи Афғонистон садоҳо перомуни дастёб нагардидани Толибон ба машруъияти миллию байналмилалӣ дар тӯли ин ду сол шудинда мешавад .
Сеюм, сиёсат ва рӯйкардҳои кишварҳои гуногуни ворид ба вазъи Афғонистон ба ҳам мухолиф боқӣ монда, манфиат ва ҳадафҳои мухталифро пайгирӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, чунин ба назар мерасад, ки ҳоло на ҳалли мушкилоти мавҷуда дар Афғонистон, балки баргузории чорабиниҳо бо иштирок ё бидуни иштироки Толибон муҳимтар аст.
Ин ба хотири ҳифозат (консерватсия)-и вазъ дар ин кишвар то замони беҳтар сурат мегирад.
Мутаассифона, тамоми таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба паҳнои амалиёти низомӣ дар Украина нигаронида шудааст ва мушкили Афғонистон амалан аҳаммияти дуюмдараҷа дорад.
Кадом нуктаҳои эъломияи ниҳоӣ барои Тоҷикистон қобили қабул нестанд?
Ман гуфта наметавонам, ки барои кишвари мо кадом нуктаҳои эъломияи ниҳоӣ мувофиқ нест, аммо дар асоси таҳлили матни “Баёнияи Қазонии формати машваратҳои Маскав оид ба Афғонистон”, ки дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шудааст, нуктаҳои зеринро зикр мекунам:
1. Аз вазъи кунунии амниятӣ ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама “Давлати исломӣ” (ДОИШ) изҳори нигаронӣ мешавад.
Дар ин ҷо як манзараи ғайриоддӣ ба вуҷуд меояд: бархе қудратҳо аз хатари нуфузи “Давлати исломӣ” ва дигарон аз тақвияти фаъолияти “Ал-Қоида” дар Афғонистон ҳарф мезананд. Ин далел гувоҳӣ медиҳад, ки дар мавриди муқовимат ба фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ дидгоҳи ягона вуҷуд надорад ва ҳар яке аз ҷонибҳо махсус ба созмоне “ишора мекунад”, ки маҳз ӯро нигарон кардааст.
Воқеан, вазъ дар соҳаи терроризму ифротгароӣ дар Афғонистон тағйир наёфтааст, чун беш аз 22 гурӯҳ худро дар ин кишвар роҳат эҳсос мекунанд;
2. Дар баёния зикр мешавад, ки ба шарофати иқдомҳои муваффақи “Толибон” кишти кӯкнор дар Афғонистон коҳиш ёфта истодааст. Ин ба маълумоти ниҳодҳои вижаи СММ ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин арзёбии коршиносони байналмилалӣ комилан мувофиқ нест.
Чунки соли 2022 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 5 тонна маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки 22% зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад;
3. Дар эъломия гуфта мешавад, дар ташкили ҳукумати фарогир дар Афгонистон, ки манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этнополитикии ин кишварро инъикос намояд, пешравие дида намешавад.
Ин талаби калидии ҷомеъаи ҷаҳонӣ тайи ду соли ахир чандин бор садо дод ва дар ин самт пешравии мусбате ба назар намерасад, аз ин рӯ, машваратҳои байнулмилалӣ перомуни Афғонистонро дар ин замина бесамар ва бенатиҷа мекунад;
4. Дар ин эъломия даъват шудааст, ки “Толибон” барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати минбаъда ва бозгашти гурезагон шароити заруриро фароҳам оваранд.
Вазъият дар ин самт ҳамчунон мушкил боқӣ мемонад: дар Афғонистон як фалокати башардӯстона дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки ба кишварҳои ҳамсоя низ таъсири манфӣ мерасонад. Бисёре аз гурезаҳо ва онҳое, ки Афғонистонро тарк кардаанд, хоҳиши ба ватан баргаштанро надоранд. Баръакс, теъдоди онҳое, ки қасди тарки ин кишварро доранд, рӯз аз рӯз зиёд мешавад;
5. Эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба кор ва таҳсил, сарфи назар аз ҷинс, мансубияти этникӣ ё мазҳабӣ, мушкил боқӣ мемонад. Дар давоми ду соли охир вазъ фақат бадтар шуд, занон амалан аз ҳуқуқи кор маҳрум шуда, духтарон таълим гирифта наметавонанд.
Даъват аз “Толибон” барои фароҳам овардани шароити таҳсили замонавӣ дар мактабҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳеҷ ваҷҳ амалӣ намешавад, зеро Толибон ба маблағгузории мадрасаҳои динӣ шурӯъ кардаанд, ки оянда дар онҳо хонандагон мағзшӯӣ мешаванд.
Барои чӣ ин ба Тоҷикистон муҳим аст?
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз арзёбиҳои “ситоишӣ” ва “таблиғоти рӯй ба Толибон” дар фазои иттилоотӣ, вазъ дар Афғонистон рӯ ба беҳбудӣ намеорад.
Ташаккули Афғонистони босубот ва пешрафта на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя (ҳарчанд дар ин бора баҳогузорӣ ва дидгоҳҳои гуногун вуҷуд доранд) ва умедворам, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим аст.
Шароити мазкур метавонад ба густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва роҳандозии долонҳои транзитӣ тавонмандиҳои навро фароҳам орад, хавф, чолиш ва таҳдидҳоро дар самти амният ҳам дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон коҳиш диҳад.
Дар робита ба изҳороти Кобулов, ки “ҳама ба ҷуз Тоҷикистон Баёнияи Қазонро маъқул шумориданд”, бояд таъкид кард: аввалан, маъқул донистан ё надонистани асноди ниҳоии чунин форматҳо ҳуқуқи худсолори ҳар як кишвар аст; дуюм, эъломия як қасд буда, иҷрои он ҳатмӣ нест.
Ва сеюм, вақте дар фаъолияти Толибон натиҷаҳои возеҳу чашмрас ба назар намерасад, нест, наметавон гуфт, ки онҳо вуҷуд доранд.