Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) қариб шаш моҳ пеш аз интихоботи парлумонӣ роҳбарашро иваз кард. Абдуҳалим Ғаффорзода, ки ин ҳизбро даҳсолаҳо роҳбарӣ карда, се маротиба номзад ба вазифаи раиси ҷумҳур ва ягона вакил аз ин ҳизб дар парлумон буд, аз вазифа рафт ва ба ҷои ӯ муовини раиси ҳизб дар вилояти Суғд Ғулом Ҳалимзода раис интихоб гардид.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки дар арафаи интихоботи парлумонии соли равон бо раисони ҳазбҳои сиёсии кишвар дар робита ба барнома ва ҳадафи ширкаташон дар ин маъаракаи сиёсӣ суҳбат кунад.
Суҳбати мо бо раиси нави ҲСТ аз ин оғоз гардид, ки Ғулом Ҳалимзода кист, чӣ таҷриба дорад ва чӣ гуна раиси ҳизб шуд.
“Тавассути парлумон мехоҳем соҳиби қудрат шавем”
- Иқтисоддон ва муҳосиб ҳастам. Соли 2012 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм карда, ҳамчунин дар Мактаби кадрҳои захиравии ҳукумати вилояти Суғд таҳсил кардаам.
Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 2011 оғоз карда, дар вазифаҳои гуногуни муҳосибӣ ва молиявии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият доштам.
Соли 2014, замоне ки дар ҳукумати вилояти Суғд кор мекардам, бо ташвиқи роҳбари вақти ҲСТ ва дарки ҳадафҳои ин ҳизб, узви он шудам. Чанд сол дар сохторҳои ҳизбӣ кор карда, соли 2019 раиси ҲСТ дар шаҳри Бӯстон ва ҳамзамон, муовини раиси ҲСТ дар вилояти Суғд шудам. Соли гузашта, дар Анҷумани XIII-уми ҲСТ раиси ин ҳизб интихоб шудам.
- Барои ҷомеа чеҳраи камошно ҳастед. Бовар доред, ки муваффақ мешавед ва як курсии ҲСТ-ро дар парлумон ҳифз мекунад?
- Барои муваффақ шудан тамоми кӯшишро анҷом медиҳам. Дуруст, шояд барои ҷомеа чеҳраи камошно бошам, аммо ман аз равандҳои сиёсии дохилу хориҷ хуб огоҳам ва таҷрибаи сиёсии ман кам нест. Аз ин лиҳоз, бовар дорам, мо натанҳо як курсиро дар парлумон ҳифз мекунем, балки талош менамоем, теъдоди вакилони мо бештар шавад.
- Воқеан, бо кадом ҳадаф вориди корзори интихобот шудед?
- Бо роҳи парлумон бо ҳамдигарфаҳмӣ ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва дар барорбари ин, тақвияти сулҳу ваҳдат вориди корзори интихобот мешавем.
- Дар анҷумани ахири ҳизб чунин менамуд, ки шумо аз интихобатон ба ҳайси раис огоҳ набудед. Тасмими раиси ҳизб шудан кай пайдо шуд?
- Дуруст, аз даъвати анҷуман бохабар будам, вале дар бораи он ки номзадиам барои интихоби раиси ҳизб гузошта шудааст, огоҳ набудам. Ман ҳатто ҳамон рӯзи анҷуман андешаи раиси ҳизб шуданро надоштам. Абдуҳалим Ғафорзода, раиси вақти ҳизб гуфт, ки саломатияш хуб нест ва пешниҳод кард, ки раиси нав интихоб кунем. Аз се номзаде, ки пешниҳод шуданд, ду нафар номзадиашро бозпас гирифт ва ман раис интихоб шудам. Яъне қаблан омодагӣ надоштам.

Ҳоло Абдуҳалим Ғафорзода ҳамчун мушовири ҳизб кор мекунанд, дар паҳлӯи мо ҳастанд, ба мо кумак мекунанд, тавсия медиҳанд.
- Аз интихоби Шумо ба ҳайси роҳбари ҳизб қариб 6 моҳ гузашт. Дар ин муддат чӣ тағйирот ба ҳизб ворид кардед?
- Шаш моҳ муҳлати зиёд нест, аммо ин муддат ба ман имкон дод, ки дар якҷоягӣ бо муовинони ҲСТ, ки таҷрибаи зиёди сиёсӣ доранд, барномаи ҲСТ ва моҳияту мазмуни онро бозбинӣ кунем, баъзе нуктаҳои барномаро, ки аллакай куҳна шуда буду аҳамияташонро гум карда буд, берун ва нуктаҳои нав илова кардем.
Барои шиносоӣ бо аъзоёни ҳизб ба шаҳру навоҳии кишвар рафта, бо онҳо суҳбату вохӯриҳо гузаронидем, ба фикру андешаҳои онҳо шинос шудем. Бо фаъолияти шуъбаҳои ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳиҳо шинос шуда, онро ҷоннок кардем. Бархе роҳбарони онро, ки солхӯрдаву бемор буданд, иваз кардем. Ин ҳама омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ аст.
- ҲСТ ҳоло чанд аъзо дорад ва интихобкунандаи шумо кист?
- Вақте ман аъзо шудам (соли 2014), ҳизб беш аз 20 ҳазор аъзо дошт. Дар Анҷумани охир 21 530 нафарро мо қайд кардем. 40 дарсади аъзоёни ҳизбро ҷавонон ташкил медиҳад. Аксари аъзоёни ҷавони мо донишҷӯ ҳастанд. Ҳамчунин, 33 дарсади ҳизбро занони коргар ташкил медиҳанд.
Мо пешниҳод дорем, ки ба занҳое, ки 3-4 кӯдак таваллуд мекунанд, нафақа ҷудо шавад. Чун падари чор фарзанд, медонам, ки серфарзандӣ кори осон нест. Аз ин лиҳоз, дар интихобот мо асосан ба занону ҷавонон такя мекунем.
“ҲСТ барномаву мавқеи худро дорад”
- Чанд сол аст, ки миёни роҳбари пешинии ҲСТ ва Мирҳусейн Назриев, ки худро раиси ҲСТ медонад, баҳсҳои тунд ҷараён дошт. Ин ба кори шумо халал ворид намекунад?
- Воқеан, ин одам қаблан аъзои ҳизб буд, аммо онҳо сари чӣ баҳс доштанд, муфассал хабар надорам. Ҳоло маъракаи пешазинтихоботӣ идома дорад, дар ягон ҷо нагуфтанд, ки аз ҳизби шумо ягон нафар омад ё баромад карда, изҳорот нашр кард.
Вазорати адлия як ҲСТ-ро сабт кардааст, дигар ҲСТ нест. Дар ҳеҷ як ҳуҷҷат ҳам номи Мирҳусайн Назриев ба ҳайси раис сабт нашудааст. Мо тибқи ҳуҷҷати ҳизб кор мекунем ва то ҳол дар ин замина мушкиле пеш наомадааст.
- Аз чанд роҳбари ҳизб пурсидем ва аз шумо ҳам мехоҳем пурсем: дар ҳоле ки коршиносон ғайр аз ҲХДТ дигар ҳизбҳоро “кисагӣ” мегӯянд, чӣ далеле барои рад кардани ин идао доред?
- Ин гуфтаҳои душманони ҲСТ аст. ҲСТ ҳизби воқеӣ ва мустақил аст. Мо барномаи мушаххас дорем, бо мардум кор мекунем ва иштироки фаъол дар сиёсат дорем. Мо дар ҳар мавзӯъ барнома ва назари худро дорем.
Вақти интихоби узв ҳам мо қатъан ба оиннома такя мекунем, узвшавандаро бо он шинос мекунем. Агар онҳо фаҳманд, ки ҳадафу барномаи ҲСТ барояшон қабул нест, аъзо нахоҳанд шуд.

Бале, ҲХДТ бамаротиб аъзои зиёд дорад, интихобкунандаи бештар дорад ва дар парлумон ҳам вакилони ин ҳизб бештар аст. Аммо мо барномаи худро дорем, аъзои худро дорем ва ҳизби мустақил мебошем. Дар парлумон ҳам як курсӣ дорем ва вакили мо хеле фаъол аст. Ӯ ҳамеша дар таҳияву баррасӣ ва пешниҳоди қонунҳо фаъол аст.
Аз ҷумла, соли 2018 раиси ҲСТ ғояи бунёди метро дар Душанберо пешниҳод карда буд. Он замон касе ҷиддӣ қабул накард, аммо бо гузашти вақт, бунёди метро мубрам гардид ва ҳоло мақомот аз оғози қарибулвуқӯи он ҳарф мезананд.
- ҲСТ дигар ҳизбҳоро мухолифи худ медонад?
- Мухолиф не, вале рақиб гуфтан мумкин аст.
“Агар даъват кунанд, мераваму баҳс мекунам”
- Омодагиҳо ба интихобот чӣ гуна аст?
- Бо маром идома дорад. Ягон монеъа нест, ҳама бо чеҳраи кушод пешвоз мегиранд, суҳбат мекунанд. Мо ҳам барномаи худро муаррифӣ мекунем.

Барои таблиғи барномаи худ аз имконоти расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифода мебарем. Мо газетаи худро ҳам дорем, ки аз он низ истифода мебарем.
- Чунин менамояд, ки нисбат ба солҳои пеш фазои интихоботӣ он қадар гарм нест. Ё андешаи дигар доред?
- Ин фикри Шумо аст ва ман бо он розӣ шуда наметавонам. Ман ҳоло дар даводави омодагӣ ва таблиғи барномаи ҳизб машғулам ва як соат вақти холӣ надорам.
Аммо агар шумо мубоҳисаҳои телевизиониро дар назар дошта бошед, посух ин аст, ки моро даъват намекунанд. Агар даъват кунанд, албатта, ҳозир ҳастем, ки равему баҳси сиёсӣ кунем.
Яъне дар умум, фазо интихоботӣ аст ва ман аз он розӣ ҳастам.
- Кадом нуктаи барномаи пешазинтихоботии ҲСТ аз дигар ҳизбҳо фарқ мекунад?
- Дар барномаи пешазинтихоботии мо чанд нукта ҳаст, ки фикр мекунам дигар ҳизбҳо ба он таваҷҷӯҳ зоҳир накардаанд. Яке аз нуктаҳои муҳим барномаи омода кардани хатти метро дар Душанбе аст. Дуюм, таваҷҷӯҳ кардан ба энергияи офтобӣ ва бодӣ аст. Сеюм, беҳтар кардани шароити иҷтимоии модароне, ки 4 ва зиёда аз он фарзанд таваллуд карда, ба воя мерасонанд. Чорум, бунёди хонаҳо ба оилаҳои камбизоат ва озод кардани онҳо аз хидамоти пулакии тиббӣ мебошад. Панҷум, дастгирии соҳибкорони хурду миёна аст.