Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастрасии комил, саривақтӣ ва бепули аҳолии кишвар ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бораи таъсис додани портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ қарори ҳукуматро ба имзо расонид.
Вазорати адлияи ҷумҳурӣ мақомоти ваколатдор оид ба таъсис ва таъмини фаъолияти сомонаи мазкур таъин шуда, маблағгузории портал аз ҳисоби буҷети давлатии ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.
Мувофиқи қарор, портали интернетӣ бояд аз 1 аиюли соли равон мавриди истифода қарор гирад.
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ду сомонаи интернетӣ амал мекунанд, ки санадҳои ҳуқуқиро нашр мекунанд. Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ дар сомонаи www.mmk.tj тамоми қонуну кодексҳои аз ҷониби парлумон қабулшударо дар сомонаи худ ҷой медиҳад.
Дар сомонаи Вазорати адлия - www.adlia.tj тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо шумули қарорҳои ҳукумат ва фармонҳои президент дарҷ шудаанд, вале дастрасӣ ба матнҳои пурраи ҳуҷҷатҳо пулакӣ аст.