Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор додааст, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст. Имрӯз он дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон баррасӣ мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бар асоси дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 феврали соли равон, ки зимни вохӯрии ӯ бо фаъолони шаҳри Душанбе садо дода буд, таҳия шудааст.

Роҳбари Кумитаи сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии палатаи поёнии парлумон Абдураҳим Холиқзода ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дар Конститутсия ба шаҳри Душанбе мақоми пойтахти Тоҷикистон дода шуда, мақоми ҳуқуқии он дар қонуни амалкунандаи ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти ҶТ», ки ҳанӯз 21 сол пеш, соли 1996 қабул шуда буд, муайян шудааст, лекин то имрӯз ин қонун ба таври ҷиддӣ такмил наёфта, муқаррароти он ба талаботи имрӯзаи идоракунии шаҳр ҷавобгӯ нестанд.

Холиқзода қайд кард, ки баъди қабули қонуни амалкунанда «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия се бор раъйпурсӣ гузаронида шуда, меъёрҳои он то ҳол ба қонуни зикршуда дохил нашудааст.

Вакили парлумон иброз дошт, ки дар лоиҳаи қонуни нав хусусиятҳои фарқкунандаи идоракунии пойтахти кишвар бо назардошти мутобиқати манфиатҳои сокинони он бо манфиатҳои умумидавлатӣ, асосҳои ҳуқуқии таъмини фаъолияти тадорукотӣ, моддӣ-техникӣ ва молиявӣ ба инобат гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи қонун таъкид мешавад, ки Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон мақоми махсуси давлатӣ дорад, зеро дар қаламрави он қароргоҳи расмии Президенти Тоҷикистон ҷойгир шуда, дар шаҳр нусхаи аслии Конститутсияи ҷумҳурӣ ва рамзу нишонаҳои давлатии кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонун ваколати мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.