Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода охири ҳафтаи сипаришуда да остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз бозори «Панҷшанбе» ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба масъалаи корҳои ободонии атрофи мавзеъи бозори «Панҷшанбе», бахусус назди Арт - галерияи «Сомониён», масҷиди Шайх Муслиҳиддин таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри ободу ороста намудани он ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ӯ то ҳол аз таъмир нашудани даромадгоҳи бозори «Панҷшанбе» изҳори нигаронӣ намуда, барои анҷоми корҳои навсозӣ масъулинро вазифадор намуд.

Дар даромадгоҳи бозори мазкур раиси вилоят бо фурӯшандагон ва харидорон сӯҳбат намуда, таъкид кард, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳар як шахс бояд бештар амалҳои хайру савобро ба иҷро расонида, барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳад.

Гуфта мешавад, зимни боздид аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор 20-30 фисад арзонтар пешниҳоди сокинон намуда истодаанд.

1/5

Раҷаббой Аҳмадзода харидорону иштирокдорони ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, маводи озуқаворӣ ва сокинонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфт. Ӯ таъкид дошт, ки ташкили чунин ярмаркаҳо минбаъд ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ ва то поёни моҳи Рамазон амалӣ карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.