Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба қарор дар бораи расонидани кӯмаки яквақтаи молиявӣ ба собиқадоронро имзо кард.
Кумаки яквақтаи молиявӣ ба муносибати 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонида мешавад.
Ба 16 собиқадори ҶБВ, ки имруз дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, аз фонди захиравии раиси шаҳр 1,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, гуфт ба Азия-Плюс як манбаъ аз маъмурияти шаҳрдорӣ.
Инчунин ба 310 нафар маъюбони ҷанги Афғонистон, маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ақибгоҳ ордену медалҳои СССР-ро гирифтаанд, ва ҳамчунин оилаҳои ҳалокшудагон дар Душанбе ҳангоми барқароркунии сохти конститутсионии кишвар ба ҳар кадоме 800 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Дар маҷмӯъ, барои ҳавасманд кардани шахсони дар боло зикршуда каме бештар аз 316 ҳазору 200 сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Муовинони расиони ноҳияҳои пойтахт вазифадор шуданд, ки то 6 май кумакҳоро ба шахсони дар боло зикршуда расонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.