Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 май дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии Ғалаба дар Маскав иштирок кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл президенти Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.

“Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён ва техникаи ҳарбӣ иштирок карданд”, - омадааст дар хабар дафтари матбуоти президент.

1/14

Зикр мегардад, ки баъди анҷоми расми паради низомӣ дар Майдони Сурх президенти Тоҷикистонва сарони давлатҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги харобиовари солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 май зимни гуфтугӯи телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват кард.

То сафар ба Маскав Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 май дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Душанбе ҳузур дошт.

1/5

Дар паёми шодбошӣ ба ифтихори 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки:

“Мардуми Тоҷикистон, ки дар тӯли асри гузашта бори дуюм ба давраи вазнину ҳалокатбор гирифтор гардида, дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бештар аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон – зиёда аз 150 ҳазор фарзандони худро аз даст доданд, оқибатҳои вазнини аъмоли харобиовари неруҳои экстремистиву террористӣ ва пайомадҳои фоҷиабори ин зуҳуроти нангинро ҳаргиз фаромӯш намекунанд”.

“Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва бо роҳҳои осоишта, яъне тавассути музокирот ва бо истифодаи василаҳои дипломатӣ ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо ҳастем”, - таъкид дошт президент.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.