Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Нахуст дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури президент маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93 баргузор шуд.
Иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Ба президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳоло 400 нафар хонанда таҳсил мекунанд.
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуд.
Гуфта мешавад, хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд аст. Дар айни замон дар хоҷагӣ 54 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардида, умед доранд, ки аз пиёзи барвақтӣ беш аз 100 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар як гектар ин навъи зироати кишоварзӣ кишт карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва кишти шолӣ бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумат изҳори сипос намуд.