Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 10 январ созишномаҳои сармоягузорӣ оид ба таъсис ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолиро тасдиқ кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти палата.

Аз ҷумла вакилон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҶТ ва ҶДММ «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоиро тасдиқ намуданд.

Созишномаи мазкурро ҷонибҳо 8 декабри соли гузашта ба имзо расонида буданд.

Лоиҳа танҳо аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор амалӣ шуда, дар ду марҳила бидуни хароҷоти иловагӣ аз буҷети давлатӣ ба иҷро мерасад.

Дар марҳилаи аввали лоиҳа сармоягузорӣ дар ҳаҷми 300 млн сомонӣ пешбинӣ шуда, оғози марҳилаи дуюм аз анҷоми муваффақонаи марҳилаи аввал вобаста аст.

Дар назар аст, ки барои татбиқи марҳилаи дуюм то 300 млн сомонӣ маблағ лозим буда, муҳлати амалисозии он 12 сол пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, аз таъсиси зиёда аз 2500 ҷойҳои корӣ интизорӣ меравад, ки барои рушди иқтисоди кишвар саҳми назаррас хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки қаблан бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки маҳсулоту таҷҳизот ва техникае, ки аз ҷониби ҶДММ “Арвис” дар доираи созишномаи мазкур ворид мегардад, аз пардохти боҷӣ гумрукӣ озод карда мешавад.

Ба сурати умум ҳудуди 200 номгӯйи молу маҳсулот, техника ва таҷҳизот аз ин пардохтҳо озод карда мешаванд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, созишномаҳои сармоягузорӣ ба санадҳое мансубанд, ки барои маъқул донистан ба палатаи болоии парлумони кишвар фиристода намешаванд ва пас аз тасдиқ аз ҷониби палатаи поёнии парлумон мавриди амал қарор мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки корхонаи нассоҷии “Арвис” дар Душанбе охири моҳи октябри соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин корхона ба истеҳсоли матои патдор аз қабили, намудҳои гуногуни сачоқ, халат ва дигар номгӯи маҳсулот машғул буда, истеҳсоли 500 номгӯйи маҳсулоти нассоҷиро ба роҳ мондааст.

Маълумоти муфассал дар бораи корхона бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

ҶДММ “Арвис” аз ҷониби ширкати бисёрсоҳавии “Авесто Групп” таъсис дода шуда, як қатор лоиҳаҳои муҳимро дар соҳаҳои гуногуни иқтисод амалӣ мекунад.

Палатаи поёнии парлумони кишвар рӯзи 10 январ ҳамчунин Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҶТ ва ҶСП «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳакро ба тасвиб расонид.

Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Лоиҳаи мазкур дар ду марҳила амалӣ мешавад. Дар марҳилаи аввал таъсиси корхона ва дар марҳилаи дуюм истеҳсол ва фурӯши маҳсулот пешбинӣ шудааст.

Маблағи умумии сармоягузорӣ барои амалисозии лоиҳа 40 млн долларро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки маросими оғози сохтмони корхонаҳо дар Душанбе охири моҳи августи соли гузашта баргузор шуд.

Корхонаҳо дар майдони 10 гектар сохта шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан иқтидори солонаи онҳо истеҳсоли 3 млн 500 ҳазор метри мукааб маснуоти сафолӣ (серанит), 200 ҳазор метри мукааб хишти сабук (газоблок) ва 250 ҳазор тонна оҳакро ташкил хоҳад дод.

Истихроҷу коркарди оҳаксанг дар корхонаи алоҳида, ки дар доираи ҳамин лоиҳа дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд мегардад, роҳандозӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.