Дар ҳошияи таҷлили 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон ва «Рӯзи милитсияи тоҷик» рӯзи 6 ноябри соли равон дар ҳузури вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ва сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шоҳрух бинои нави Ҳушёрхонаи тиббии Раёсати ВКД дар пойтахт мавриди истифода қарор гирифт.
Дар Душанбе чанд ҳушёрхона кор мекунад, онҳо чӣ гуна фаъолият доранд ва ба киҳо хидматрасонӣ мекунанд? Талош варзидем дар ин бора маълумот манзуратон кунем.
Муҳаммад Ситамов, подполковники милитсия, сардори ҳушёрхонаи тиббии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар пойтахт танҳо як муассисаи махсуси тиббӣ вуҷуд дошта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандонеро, ки дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, ба ин ҷо меоранд.
Ситамов зикр намуд, ки ҳушёрхонаи тиббӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир буда, шабонарӯзӣ фаъолият мекунад ва ба шахсони дар ҳолати мастӣ қарордошта ёрии тиббӣ мерасонад, то ки вазъи солимии онҳо хуб шавад.
Ба гуфтаи ӯ, табибони навбатдор барои барқарор кардани саломатӣ ва пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ дар ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз машрубот ба ин шахсон ёрии аввалияи тиббиро мерасонанд.
Ин муассиса чӣ гуна кор мекунад?
Ситамов хабар дод, ки ба ин муассиса натанҳо сокинони Душанбе, балки шаҳрвандони дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ оварда мешаванд.
Раванди кор бо беморон аз он оғоз меёбад, ки нозири минтақавӣ шаҳрвандро дар ҳолати мастӣ ба муассисаи тиббӣ меорад ва дар он ҷо ӯро табиб истиқбол мегирад.
Табиб ҳолати беморро дақиқона баҳогузорӣ карда, дар ҳолати зарурӣ кумаки фаврии тиббӣ мерасонад.
«Агар ҳолати бемор вазнин шавад, фавран ёрии таъҷилӣ даъват шуда, бемор барои табобати минбаъда ба беморхона фиристода мешавад», — зикр кард ҳамсуҳбати мо.
Ғайр аз ин, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсонеро, ки дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, мунтазам ба муассиса тиббӣ меоранд.
«Ин одатан шабона, вақте рух медиҳад, ки нозирони минтақавӣ рейдҳо гузаронида, қонуншиканҳоро боздошт мекунанд», — шарҳ дод ӯ.
Баъди ба муассисаи тиббӣ овардани шаҳрванд, вазъи ӯ то ҳолати ба худ омаданаш (ҳушёр шуданаш) зери назорат қарор мегирад.
Ин раванд одатан аз 3 соат то як рӯз давом мекунад.
Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба ҳушёрхонаи тиббии пойтахт 1226 нафар шаҳрвандон оварда шудаанд, ки аз онҳо ҳамагӣ 3 нафар зан ва боқимонда мардони синнусоли гуногун мебошанд.
Сардори ҳушёрхонаи пойтахт зикр намуд, ки муассиса гурӯҳи корӣ ва мошини хидматии худро дорад, ки роҳҳои асосии шаҳрро назорат карда, дар ҳолати зарурат, вайронкунандагони тартиботро боздошт ва ба ҳушёрхона меорад.
Ҳушёрхона нозирони худро дорад
“Муассиса бо ҷазо додан машғул нест, балки танҳо ёрии тиббӣ мерасонад ва ба шаҳрвандон барои ба худ омадан ёрӣ мерасонад”, — таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Ситамов, дар ин муассиса тартиби қабули беморон қатъӣ аст: занони ҳомиладор ва шахсони маъюб қабул карда намешаванд.
Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ танҳо дар ҳузури намояндаи расмии сафорати кишварашон қабул карда мешаванд.
Ин қоида, ба гуфтаи Ситамов, барои таъмини сатҳи зарурии бехатарӣ ва таваҷҷӯҳи муносиб ба онҳое, ки ба шароити махсус ниёз доранд, кумак мекунад.
«Кормандони ҳушёрхона чорабиниҳоеро мегузаронанд, ки ба пешгирии истеъмоли машрубот ва тарғиби тарзи ҳаёти солим нигаронида шудаанд, аз ҷумла дарсҳои солимӣ дар муассисаҳои таълимӣ, машғулиятҳо (мастер-классҳо)-и гуногун, маърӯзаҳои видеоӣ бо баҳсҳои гурӯҳӣ дар бораи зарари истеъмоли машрубот», — гуфт сардори ҳушёрхонаи тиббии Душанбе.
Ба ин тариқ, ба гуфтаи ӯ, ҳушёрхонаи тиббии пойтахт дар нигоҳдории тартибот ва амният дар шаҳр нақши муҳим бозида, ба одамон ҷиҳати ба худ омадану беҳтар шудани вазъи солимиашон ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштан ёрӣ мерасонад.
Қобили зикр аст, ки ҳушёрхонаҳои тиббӣ натанҳо дар Душанбе, балки дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд низ фаъолият мекунанд.