Акбарҷон Ҷалилов, ки дар содир намудани амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург гумонбар дониста мешавад, моҳи декабри соли 2016 аз Туркия истирдод шудааст. Дар ин бора газетаи туркии Yeni Akit хабар медиҳад.

Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита менависад, Ҷалилов моҳи ноябри соли 2015 ба Туркия рафта, дар он ҷо ба рӯйхати сиёҳ шомил гардидааст, вале баъди он ҳам боз як сол дар ин кишвар ғайриқонунӣ ҳузур доштааст.

Манбаи ба ҳукумати Туркия наздики РБК ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор доштааст, ки моҳи декабри соли 2016 Ҷалилов тариқи Анталия кишварро тарк карданӣ шуда, вале маълум шудааст, ки муҳлати будубоши ӯ кайҳо гузаштааст.

«Ба ӯ ҷаримаи зиёд ё истирдод бо шомил гардидан ба рӯйхати сиёҳ ва манъи сафар ба кишвар ба муҳлати 5 сол пешниҳод гардида, Ҷалилов варианти дуюмро интихоб кард, - иброз доштааст манбаъ. - Барои бозгашт ба Русия, ӯ маҷбур шуд, ки ба консулгарии генералии Русия дар Туркия муроҷиат кунад».

Дар консулгарии генералии Русия дар Туркия ин маълумотро алҳол шарҳу тавзеҳ надодаанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз рӯи далели таркиш дар метро ҳашт нафар - Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов, Муҳамадюсуф Мирзоолимов, Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумоти шаҳрванди Тоҷикистон будани яке аз боздоштшудагон ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар метрои Петербург Содиқ Ортиқовро тасдиқ намуд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари амали террористии рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 14 нафар ҳалок ва беш аз 40 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.