Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор медорад, ки маълумот дар бораи марги собиқ фармондеҳи ОМОН Гулмурод Ҳалимовро, ки ду сол пеш ба сафҳои Давлати исломӣ пайваста буд, тавассути имконоту воситаҳои худ мавриди санҷиш қарор додааст.
Гулмурод Ҳалимов то ҳол мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дошта, ному насаби ӯ дар сомонаи Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) ҷой дорад.
Дар ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ки агар ҳалокати Ҳалимов бар асари зарбаи ҳавоӣ дар Мавсил расман тасдиқ шавад, дар ин бора эълон хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар Вазорат далели боздошти писари калонии Ҳалимов - Беҳрӯз Гулмуродовро низ тасдиқ накарданд. Дар ин бора рӯзи душанбе Радиои Озодӣ хабар дода буд. Дар дафтари матбуоти Вазорат тавсия доданд, ки бо ин масъала ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ муроҷиат намоем.
Дар КДАМ Тоҷикистон изҳор намуданд, ки онҳо дар даст чунин маълумот надоранд. Дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ зикр карданд, ки «нахуст бояд ин маълумотро бисанҷанд».
Рӯзи 17 апрел сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шудани Беҳрӯз Гулмуродов, фарзанди калонии Гулмурод Ҳалимов тақрибан се ҳафта пеш дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб маълумот интишор кард.
Рӯзи 15 апрел бошад, Маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов маълумот дод.
Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод. Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд.
Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст. Ӯ ҳамчунин доир ба омодагӣ ва омӯзишаш дар давраҳои таълимӣ дар ИМА низ маълумот дода буд.
Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.