Масъулияти содир кардани амали террористӣ дар Петербургро як гурӯҳи марбут ба «Ал-Қоида» ба дӯш гирифтаааст, хабар медиҳад SITE. Гуфта мешавад, аъзои ин гурӯҳ таҳдид кардаанд, ки амалҳои терористии нав анҷом хоҳанд дод.

Қаблан «Газета.ру» иттилоъ дода буд, ки Интерпол пешвои ташкилоти «Тавҳид вал-Ҷиҳод» Сироҷиддин Мухторов (маъруф бо номи Абӯ Салоҳ ал-Ӯзбекӣ)-ро меҷӯяд, ки ба «Ал-Қоида» савганд ёд кардааст. Маҳз ӯро фармоишгари эҳтимолии амали террористӣ дар метрои Петербург номида буданд.


Мухторов соли 1990 дар вилояти Оши Қирғизистон таваллуд шуда, аз нигоҳи этникӣ уйғур ва миллаташ дар шиноснома «ӯзбек» сабт шудааст. Аз соли 2016 ӯро Интерпол ба гумони даст доштан дар содир кардани амали террористӣ назди сафорати Чин дар Бишкек мавриди пайгард қарор додааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 3 апрел дар вагони қатораи метрои Петербург таркиш рух дода, бар асари он бо шумули террористи маргталаб 16 нафар ҳалок ва беш аз 60 кас ҷароҳат бардоштанд. Худи ҳамон рӯз дар метрои ин шаҳр боз як бомбаи худсохт безарар гардонида шуд.