Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати дастрасии маълумот дар бораи аз кадом саҳифаҳои шабакаи Интернет боздид намудани шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ дода шудааст.
Барои боздид аз баъзе сомонаҳои “номатлуб” аз озодӣ маҳрум шудан ҳам имкон дорад. Акун маълум шуд, ки барои шарҳу тавзеҳҳои зери маводу хабар низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб карда метавонанд...
Пайгириву санҷиш интихобӣ мешавад
Вакили палатаи поёнии парлумон Ҷӯрахон Маҷидзода ҳанӯз санаи 7 июн зимни суханронӣ дар минбари парлумон изҳор дошта буд, ки тоҷикистониён аз ифротгароён ва террористон бо даъвати пайвастан ба онҳо ҳамарӯза то 90 ҳазор SMS-паёмакҳо мегиранд.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз беш аз 3 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба шабакаи интернет дастрасӣ дошта, зиёда аз 80 фоизи онҳо аз сомонаҳои номатлуб боздид мекунанд, ки ба созмонҳои ифротгаро ва террористӣ тааллуқ доранд.
Дар ин робита вакил пешниҳод намуд, ки ба қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» тағйирот ворид гардад. Мутобиқи он акнун баъди тасдиқ дар палатаи болоӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ба дастрасии маълумот дар бораи шахсоне, ки аз сомонаҳои «номатлуб» боздид мекунанд, ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Дастрасии нусхаи лоиҳаи тағйирот ба қонуни мазкур муяссар нашуд, лекин вакили палатаи поёнии парлумон ва раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки “пайгирӣ” ё худ санҷиши аз кадом сомонаҳо боздид кардани шаҳрвандон дар шабакаи Интернет интихобӣ сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худашон мустақилона шахсонеро интихоб хоҳанд кард, ки пайгириву санҷиши фаъолияти онҳо дар шабака зарур аст ва дар як вақту якбора пайгириву санҷиши 7 млн. нафар шаҳрвандон ғайриимкон аст.